«САДА — ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН». Дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар Рашт ҳамоиши илмӣ доир шуд

Январь 29, 2026 11:20

РАШТ, 29.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ба муносибати ҷашни Сада таҳти унвони «Сада-ҷашни миллии тоҷикон» ҳамоиши илмӣ доир гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт иттилоъ доданд.

Дар ҳамоиш иброз гардид, ки ҷашни Сада инъикосгари тамаддуну фарҳанги аҷдодони мо буда, аз назари бузургону муаррихоне, назири Байҳақӣ, Берунӣ, Гардезӣ ва амсоли инҳо он яке аз ҷашнҳои бузурги бостонии мост. Абӯрайҳони Берунӣ дар «Ат-таҳфим» ва «Осор-ул-боқия» нигоштааст, ки «оташ дар бомҳо афрӯхта мешуд ва ин бо амри Фаридун сурат гирифт». Дар «Наврӯзнома», ки ба Хайём нисбат дода шудааст, низ омадааст, ки «ҷашни аср таҷлил шуд ва мардуме, ки аз зулми Заҳҳок ба дод омада буданд, писандиданд ва ба бахти хайр он рӯзро ҷашн гирифтанд ва ҳар сол то имрӯз ойини он шоҳони некӯ дар Эрон ва атрофи он ҷашн гирифта мешавад».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати ҷашни Сада 29 январи соли 2022 иброз намудаанд, ки «шинохти таърихи бостонӣ, ифтихор аз фарҳангу тамаддуни чандинҳазорсолаи халқамон, эҳёи беҳтарин расму ойинҳои гузашта ва мутобиқ сохтани онҳо ба арзишҳои маънавии имрӯза дар шароити торафт вусъат гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ худогоҳии таърихӣ ва ҳувияти миллии моро мукаммалу устувор менамояд. Дар асоси сарчашмаҳои таърихиву адабии ниёгонамон ҷашни Сада рамзи рӯшноӣ ва пирӯзии инсон бар қувваҳои бадӣ ба шумор меравад».

АКС: Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт

Январь 29, 2026 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«САЙРИ САДА». Бо ҷалби меҳмонону сайёҳони хориҷӣ дар Душанбе хатсайри сайёҳии ройгон ташкил карда шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷашни Сада пуршукуҳ таҷлил шуд
САДА АЗ ОМАДАНИ БАҲОР ВА АНҶОМИ САРМО БАШОРАТ МЕДИҲАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
«САДА САД РАҲ КУШОЯД СӮЙИ НАВРӮЗ». Дар Тоҷикистон иди Сада хеле шукуҳманд таҷлил шуд
САДА — ҶАШНЕ ТАВЪАМ БО КАЙҲОНУ СОЛШУМОРӢ ВА КИШТУ КИШОВАРЗӢ. Дар Душанбе онро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Покиву покизагии гирду атроф ва зеҳну қалбҳо яке аз ҷанбаҳои муҳими ҷашни Сада ба ҳисоб меравад
Дар Академияи миллии илмҳо ҷашни Садаро бо намоиши дастовардҳои олимони соҳаи кишоварзӣ таҷлил намуданд
САДА — ҶАШНИ БОСТОНИИ МАРДУМИ ТОҶИК. Нуру гармӣ ҷавҳар ва рамзу асли зиндагиофарии ин ид мебошанд
Бахшида ба ҷашни Сада дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Сада дар радифи дигар ҷашнҳои миллии мо мероси маънавии пурбаҳое аз аҷдоди некномамон мебошад»
«ЗАРДИИ РӮЯМРО БИГИР, СУРХИИ РӮЯТРО БИДЕҲ». Ҷашни Сада таҷассуми одатҳои неки башардӯстона мебошад
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада