«САДА САД РАҲ КУШОЯД СӮЙИ НАВРӮЗ». Дар Тоҷикистон иди Сада хеле шукуҳманд таҷлил шуд
ДУШАНБЕ, 31.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе тибқи «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026 тасдиқ шудааст, ҷашни Сада баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Ҳадафи ҷашн аз тарғиби рушди маҳсулоти кишоварзӣ, муаррифии дастранҷи деҳқонон, эҳё намудани анъанаҳои парвариши навъҳои гуногуни ниҳолҳо, меваҷоту сабзавот ва баҳра бурдан аз таҷрибаи деҳқонони пешқадам иборат буд.
Намоиши тухмиҳои зироат
Кишоварзон дар айёми ҷашни Сада тухмиҳои хушсифати зироат ва нуриҳои заруриро дастрас намуда, техникаи корӣ ва заминро барои кишти баҳорӣ омода менамоянд.
Тавре аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои истифодаи самараноку оқилонаи захираву имконияти соҳа бобати афзун гардонидани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат тадбирҳои судманд андешида мешаванд.
Барои кишти соли 2026 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 86 257 тонна тухмии ғалладонагӣ захира гардидааст, аз он 76 429 тоннаро гандум, 8833,2 тоннаро дигар ғалладонагиҳо, 892 тоннаро лӯбиёгиҳо, 1325 тоннаро ҷуворимакка, 228 140 тоннаро картошка, 17 тоннаро сабзавот ва 20703 тоннаро чигити тухмӣ ташкил медиҳад.
Намоиши ниҳолҳои ороишию сояафкан
Ҳамчунин дар ин рӯз намоиш-фурӯши ниҳолҳои мевадиҳандаву ороишӣ ва гулу буттаҳо баргузор шуд, ки мардум бо нархи дастрас аз онҳо харидорӣ намуданд.
Бо мақсади таъмини бозорҳои истеъмолӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати то 1 январи соли 2026 дар ҷумҳурӣ майдони умумии боғу токзор 208 395 гектар буда, аз он 38 306 гектарро токзор ташкил медиҳад.
Тавре аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, бо мақсади рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар бозорҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ярмаркаи фурӯши ниҳолҳои мевадиҳанда, ороишию сояафкан ва ҳамешасабз ба роҳ монда шудааст. Барои таъмини хоҷагиҳои ниҳолпарварии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикниҳолпарвар» 1 236 635 бех ниҳол омода карда шудааст.
Намоиши техникаи кишоварзӣ
Ба тавсияи олимони соҳа, кишту кори зироати кишоварзӣ аз омодагии техника вобастагӣ дорад. Имрӯз дар ин ҷашнгоҳ навъҳои гуногуни техникаи кишоварзӣ пешниҳод гардид. Гуфта шуд, ки сол то сол Ҳукумати мамлакат барои беҳтар намудани кори кишоварзон навъҳои беҳтарини техникаро харидорӣ ва дастраси марди деҳқон менамояд.
Барои дар муҳлати хуби агротехникӣ гузаронидани кишт ва ҷамъоварии ҳосили зироати кишоварзӣ дар ҳама шаклҳои хоҷагидории соҳаи кишоварзӣ 25 724 трактори гуногунтамға мавҷуд буда, аз онҳо 1113 адад трактори шудгоркунанда мебошад. Соли 2025 ба ҷумҳурӣ 3488 техника ва механизми кишоварзӣ ворид гардид, аз ҷумла 913 трактори гуногунтамға, 39 комбайни ғалладарав, 19 мошини алафдарав, 1 комбайни шолидарав, 13 мошини пахтачинӣ ва дигар намудҳои техникаи махсуси саҳроӣ, ки дар маҷмуъ нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 91 адад зиёд аст.
Аз хушкмева то таомҳои миллӣ
Дар ин рӯз чун анъанаи ҷашни Сада аз ҷониби кишоварзон дастархони ҷашнӣ ороста шуд. Дар дастархони ҷашнӣ тибқи оини аҷдодӣ бештар донагиҳо (гандум, лӯбиё, нахӯд, наск, мош, арзан ва ғайра), инчунин хӯрокҳои хушлаззат-мошкичирӣ, лӯбию нахӯдшӯрак, кашк, далда, каллапоча, ширбиринҷ, ширкаду, ширрӯған, қурутоб, фатирмаска, дӯғҷӯшӣ, умоч, шӯрбо ва ғайра пешниҳоди меҳмонон гардонида шуданд. Ба андешаи иштирокчиён, ғизоҳои ҷашнӣ, ба мисли қурутоб, ширрӯған, умоч, далда, кашк дар ин рӯз муҳим ба ҳисоб мераванд, зеро аз рӯи миҷоз гарманд. Ҳамзамон хони ҷашниро бо чапотӣ, кулча, фатир, қалама, орзуқ ва меваҳо- себ, тарбузу ангур оро доданд.
Муаррифии имконияти сайёҳии мамлакат
Дар базмгоҳи ҷашни бостонии Сада дар радифи намоиши ниҳолу зироати кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва дигар маҳсулоте, ки ифодагари ин ҷашн аст, бо иқдоми Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи имконияти сайёҳӣ пешниҳод гардид. Дар ин рӯз ҳунармандӣ, рӯнамои сайёҳии кишоварзӣ, кулолгарӣ, заргарӣ, малакаи сайёҳӣ, викторина барои тамошобинон, намоиши автомобилҳои сайёҳӣ, милитсияи сайёҳӣ, велосипедҳо, имконияти сайёҳии кӯҳнавардию лижатозӣ ва кемпинги сайёҳӣ аз хаймаҳо пешкаши дӯстдорони сайру саёҳат гардонида шуд. Ҳамзамон маводи иттилоотии сайёҳӣ бо забонҳои тоҷикию русӣ ва англисӣ ба меҳмонон ва дӯстдорони сайру саёҳат тақдим гардид.
Дар анҷоми тантанаҳои идонаи ҷашни Сада ба кишоварзон ва фаъолони соҳаи кишоварзӣ Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.
Шоири маҳбубу хушбаён, муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон устод Гулназар Келдӣ дар шеъри «Ҷашни Сада» ин идро раҳкушоянда ба сӯи Наврӯз номидааст:
Сада сад раҳ кушояд сӯйи Наврӯз,
Ба рӯйи мо намояд рӯйи Наврӯз.
Сано гӯям ба ин ҷашни ниёгон,
Ки дар сармо расонад бӯйи Наврӯз.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
Тоҳир САИД (АКС)
АМИТ «Ховар»








«САЙРИ САДА». Бо ҷалби меҳмонону сайёҳони хориҷӣ дар Душанбе хатсайри сайёҳии ройгон ташкил карда шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷашни Сада пуршукуҳ таҷлил шуд
САДА АЗ ОМАДАНИ БАҲОР ВА АНҶОМИ САРМО БАШОРАТ МЕДИҲАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
САДА — ҶАШНЕ ТАВЪАМ БО КАЙҲОНУ СОЛШУМОРӢ ВА КИШТУ КИШОВАРЗӢ. Дар Душанбе онро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Покиву покизагии гирду атроф ва зеҳну қалбҳо яке аз ҷанбаҳои муҳими ҷашни Сада ба ҳисоб меравад
Дар Академияи миллии илмҳо ҷашни Садаро бо намоиши дастовардҳои олимони соҳаи кишоварзӣ таҷлил намуданд
САДА — ҶАШНИ БОСТОНИИ МАРДУМИ ТОҶИК. Нуру гармӣ ҷавҳар ва рамзу асли зиндагиофарии ин ид мебошанд
Бахшида ба ҷашни Сада дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Сада дар радифи дигар ҷашнҳои миллии мо мероси маънавии пурбаҳое аз аҷдоди некномамон мебошад»
«ЗАРДИИ РӮЯМРО БИГИР, СУРХИИ РӮЯТРО БИДЕҲ». Ҷашни Сада таҷассуми одатҳои неки башардӯстона мебошад
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада
Имрӯз дар Душанбе ҷашни Сада бо шукуҳу шаҳомат таҷлил мегардад






