Сафири Тоҷикистон ба Президенти Австрия эътимоднома супорид

Январь 21, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 21.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. 20 январ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия Манучеҳр Ҷобир ба Президенти Федералии Ҷумҳурии Австрия Александр Ван дер Беллен эътимоднома супорид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, пас аз супоридани эътимоднома Сафири Тоҷикистон паёму таманниёти неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Федералии Австрия Александр Ван дер Беллен расонид.

Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкории  гуногунҷанбаи сиёсӣ ва иқтисодӣ байни  Тоҷикистону Австрия мубодилаи афкор намуданд.    

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 21, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири сайёҳӣ ва осори бостонии Миср мулоқот намуд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва FAO баррасӣ гардид
«Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қазоқистон барои солҳои 2026–2028» ба имзо расид
Котиби кулли Конвенсияи Рамсар ба Конфронси 4-уми оби Душанбе даъват шуд
Дар Анқара масъалаи баргузории чорабиниҳои фарҳангию илмӣ барои соли 2026 дар Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ гардид
Шараф Шерализода бо Роҳбари Дафтари Федералӣ оид ба кишоварзӣ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли идораи амвол ва биноҳои Вазорати корҳои хориҷии Эрон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар мулоқоти Сергей Лавров бо раисони кумитаҳои парламентҳои давлатҳои аъзои СААД иштирок намуд
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд
Ширкати австриягии «Andritz Hydro GmbH» барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон изҳори омодагӣ кард
Дар Душанбе дурнамои рушди муносибатҳо байни Тоҷикистону Қазоқистон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Австрия мулоқот намуд