«САЙРИ САДА». Бо ҷалби меҳмонону сайёҳони хориҷӣ дар Душанбе хатсайри сайёҳии ройгон ташкил карда шуд
ДУШАНБЕ, 31.01.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо ҷалби намоянадагони корпуси дипломатӣ, сайёҳону меҳмонони хориҷӣ, донишҷӯёни хориҷии муассисаҳои таҳсилоти олии ҳудуди пойтахт, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма хатсайри сайёҳии «Сайри Сада» ройгон ташкил карда шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд, дар доираи хатсайр роҳбаладон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба иштирокчиён доир ба имкониятҳои сайёҳии пойтахт ва моҳияти Ҷашни Сада маълумоти мушаххас пешниҳод намуданд.
Хатсайри сайёҳӣ аз назди Муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ оғоз гардида, то ба Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ – макони таҷлили Ҷашни Сада идома ёфт.
Иштирокчиён — меҳмонону сайёҳони хориҷӣ дар доираи хатсайр аз намоиши навъҳои гуногуни тухмии зироати кишоварзӣ ва техникаҳои соҳавӣ, гулу буттаҳо, ҳунарҳои мардумӣ, хӯрокҳои миллӣ, анвои меваҳои хушк ва шириниҳо ва дигар маҳсулоте, ки ифодагари ҷашни Сада мебошанд, дидан намуданд.
«Ҳадаф аз ташкили хатсайри сайёҳӣ рушди соҳаи сайёҳӣ, ташаккул ва муаррифии бренди миллии сайёҳӣ, маркетинг ва пешбурди маҳсулоти соҳаи сайёҳӣ, ҳифз, инкишоф ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиию рекреатсионӣ ва мероси таърихию фарҳангӣ дар доираи таҷлили Ҷашни Сада арзёбӣ мегардад», — таъкид намуданд дар шуъбаи рушди сайёҳии пойтахт.
Бояд тазаккур дод, ки меҳмонону сайёҳони хориҷӣ маҳз дар ҳамин гуна ҷашнҳои миллӣ, бахусус ҷашнҳои Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон бо урфу одат, расму оин, ҳунарҳои қадимаи дастӣ ва таомҳои миллии тоҷикон аз наздик шинос мешаванд. Ин ҷашнҳо дар муаррифии таъриху фарҳанги бостонии миллати тоҷик, тарғиби имконияти сайёҳии мамлакат, бахусус пойтахти он ва ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ҳамчун бренди миллии сайёҳӣ нақши арзанда мегузоранд.
АКС: Шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе/Dushanbe-travel






































Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад






