Сокинони ноҳияи Айнӣ нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро сармашқи фаъолият қарор медиҳанд

Январь 13, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 13.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоише, ки дар маркази ноҳияи Айнӣ баргузор гардид, тавзеҳ дода шуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ.

Иштирокдорони ҳамоиш таъкид намуданд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими сиёсию стратегӣ самтҳои асосии рушди мамлакатро муайян намуда, барои тамоми қишрҳои ҷомеа роҳнамои фаъолияти минбаъда маҳсуб мешавад. Таъкид гардид, ки тамоми масъалаҳои дар ин санади муҳим пешниҳодшуда муҳим ва саривақтӣ буда, омӯзиши амиқ ва татбиқи амалии онҳо вазифаи аввалиндараҷаи шаҳрвандон мебошад.

Нотиқон махсусан ба мавзуъҳои ҳифзи пиряхҳо ҳамчун сарчашмаи асосии об, истифодаи зеҳни сунъӣ, рақамикунонии соҳаҳо, рушди технологияҳои муосир ва истифодаи самараноки имконоти рақамӣ таваҷҷуҳ намуданд.

Гуфта шуд, ки имрӯз мардуми Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот ва амнияти комил зиндагӣ мекунанд ва ин неъматро махсусан ҷавонон бояд қадр намоянд. Ҷавонон бояд ба Ватан содиқ бошанд, масъулияти ояндаи миллату давлатро аз имрӯз эҳсос намоянд, донишу малакаи замонавӣ омӯзанд ва дар пешрафти мамлакат саҳм гузоранд. Ҳамчунин омӯзгорон таъкид карда шуданд, ки ба донишҳои муосир, технологияҳои нав ва тарбияи насли худогоҳу ватандӯст аҳамияти ҷиддӣ диҳанд.

Баён гардид, ки соли 2026 бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ маҳсуб мешавад. Дар ин замина дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бояд тамоми сокинон дар ободонии Ватан саҳми арзанда гузоранд.

Хотиррасон шуд, ки дар шароити кунунӣ зиракии сиёсӣ ва ҳушёрии шаҳрвандон талаботи замон аст. Бетарафӣ нисбат ба масъалаҳои ҷомеа метавонад ба амният ва оромии мамлакат таъсир расонад. Аз ин лиҳоз, ҳамкории зичи ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла милитсия ба таҳкими суботу амният мусоидат менамояд.

Ҳамчунин ба масъалаҳои амният, пешгирии ҷинояткорӣ, мубориза бо қонуншиканиҳо, тақвияти корҳои профилактикӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва хизмати содиқонаи ҷавонон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид. Таъкид шуд, ки хизмати ҳарбӣ мактаби мардонагӣ ва ифодаи садоқат ба марзу буми мамлакат мебошад.

Гуфта шуд, ки соҳаҳои маориф, фарҳанг, иқтисод ва саноат дар рушди устувори давлат нақши калидӣ доранд. Инчунин зарурати татбиқи самараноки барномаҳои давлатӣ, рушди инфрасохтор, таъмини устувори неруи барқ, баланд бардоштани маданияти истифодаи қувваи барқ, рушди соҳаи кишоварзӣ ва корҳои ободонӣ муҳим арзёбӣ гардид.

Ҳамчунин оид ба ҳифзу эҳёи фарҳанги миллӣ, тарғиби либосҳои миллӣ, баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа ва саҳми онҳо дар тарбияи насли наврас ибрози назар карда шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ

Январь 13, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суди Олӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ. Онҳо дар рушди неруи инсонӣ нақши муассир доранд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон — роҳнамои рушди ҷумҳурӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир
«ПАЁМ — ОМИЛИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОӢ». Таҳти ин унвон дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш доир шуд
Ба омӯзгорони ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ИЛМУ МАОРИФ — ПОЯИ ОЯНДАИ ДАВЛАТ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба фаъолону сокинони шаҳри Ҳисор нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон тавзеҳ дода шуданд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба шарҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ — ҲАДАФУ МАРОМИ ЗИНДАГӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
ПАЁМ — РОҲНАМОИ МО. Президенти Тоҷикистон ба масъалаи таълиму тарбия, аз ҷумла таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд
ПОС ДОШТАНИ УРФУ ОДАТҲОИ МАРДУМӢ. Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ