Соли 2025 табиати афсонавӣ ва чашмаҳои шифобахши Бадахшонро беш аз 51 ҳазор сайёҳ тамошо намуданд
ДУШАНБЕ, 24.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 51 ҳазору 872 нафар сайёҳон ворид гардидаанд. Аз ин шумора 27 ҳазору 59 нафар сайёҳони дохилӣ ва 24 ҳазору 813 нафар сайёҳони хориҷӣ мебошанд, ки нисбат ба соли 2024 15 ҳазору 421 нафар зиёд аст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳамасола сайёҳону кӯҳнавардони зиёд қуллаҳои Исмоили Сомонӣ, Истиқлолият, Абуалӣ ибни Сино, пиряхҳои Ванҷях, Хирсон, кӯлҳои Қаракӯл, Сарез, Яшилкӯл, Булункӯл, чашмаҳои шифобахши Ҷелондеҳ, Гармчашма, Авҷ, Бибӣ Фотимаи Заҳро, Модиён, Парки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мамнуъгоҳи «Зоркӯл» ва Боғи ботаникии Помирро тамошо менамоянд.
Ҳоло Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз минтақаҳои пешрафтаи сайёҳӣ маҳсуб мешавад. Ин минтақаи дурдасти мамлакат таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро бо табиати афсонавӣ, кӯҳҳои осмонбӯс ва чашмаҳои шифобахши худ бештар ҷалб намудааст.
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо сабзазори алпӣ, биёбонҳои баландкӯҳ, водиҳои зебо, дарёҳои тезҷараён, кӯлҳои мусаффо ва меъмории ғайримуқаррарӣ дили садҳо нафар сайёҳонро тасхир намудааст. Табиати зебо, манзараҳои дилфиребу нотакрор, обҳои зулол, ҳавои тоза, меваҳои шаҳдбор, кӯҳҳои сарбафалаку барфпӯш, мардумони самимию меҳмоннавоз ва этнографияи беамсолаш таваҷҷуҳи сайёҳонро пайваста ба ин минтақаи сайёҳӣ ҷалб менамояд.
Тибқи сарчашмаҳои иттилоотӣ, қисми зиёди сайёҳоне, ки ба Бадахшон мераванд, аз Аврупо, Осиё, Амрико ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошанд. Ин далели он аст, ки ин минтақаи мамлакат барои сайёҳони хориҷӣ хеле ҷолиб мебошад.
АКС: Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд






