Соли 2026 барои соҳаи маориф қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли пешин 25,4 фоиз зиёд аст

Январь 11, 2026 10:00

ДУШАНБЕ, 11.01.2026. /АМИТ «Ховар»/. Барои соҳаи маориф соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025 25,4 фоиз ва нисбат ба даҳ соли қабл, яъне соли 2015 панҷуним баробар зиёд мебошад. Ин рақамҳо на танҳо нишондиҳандаи рушди миқдорӣ, балки далели сиёсати ҳадафмандона, пайгирона ва дурбинонаи давлат дар самти таҳкими пояҳои маънавию зеҳнии ҷомеа ба шумор мераванд.

— Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 декабри соли 2025 иброз доштанд, ки «ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, давоми беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям. Зеро хуб медонам, ки рушди ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад».

Ин андешаи амиқ ва ҳидоятҳои ҳакимонаи Сарвари давлат бозгӯи он аст, ки сиёсати давлат дар соҳаи маориф бар пояи дурнамо, масъулияти таърихӣ ва ғамхорӣ нисбат ба ояндаи давлату миллат бунёд ёфтааст. Зеро маҳз имрӯз гузоштани таҳкурсии мустаҳками илму маориф кафолати фардои ободу пешрафта, ҷомеаи мутамаддин ва давлати неруманди тоҷикон мебошад.

Пешвои миллат сармоягузорӣ ба соҳаи маорифро ҳамчун сармоягузории бевосита ба ояндаи миллат ва кафили рушди устувори давлат арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки «ман дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба ин соҳаҳои муҳиму тақдирсозро сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат мешуморам». Ин нуктаи калидӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки маориф дар сиёсати давлатӣ на танҳо як соҳаи иҷтимоӣ, балки пояи асосии ташаккули захираи инсонӣ, рушди тафаккури миллӣ ва таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ маҳсуб мешавад.

Имрӯз маориф дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат қарор дорад. Далели равшани ин гуфтаҳо он аст, ки ҳаҷми умумии хароҷот барои ин соҳа беш аз 21 фоизи буҷети давлатиро ташкил медиҳад.

Маориф ҳамчун омили калидии пешрафти ҷомеа заминаи асосии ташаккули элитаи зеҳнӣ ва қувваи пешбарандаи давлатдории муосир ба ҳисоб рафта, таваҷҷуҳи пайваста ба он кафолати рушди устувор, суботи иҷтимоӣ ва бақои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.

Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ масъалаи баланд бардоштани сифати таълим ва омоданамоии кадрҳои баландихтисос дар тамоми зинаҳои низоми маориф мавқеи марказӣ ва калидӣ дошт. Ин нукта аз он шаҳодат медиҳад, ки рушди соҳаи маориф танҳо бо афзоишу пешрафт маҳдуд набуда, ба беҳбуди муҳтавои таълим, баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорон ва мутобиқсозии раванди таълим ба талаботи замони муосир равона гардидааст.

Дар воқеъ, таълим бояд на танҳо ба интиқоли донишҳои назариявӣ маҳдуд гардад, балки ҳамчун василаи муҳими ташаккули шахсияти соҳибмаърифат, эҷодкор, мустақиландеш ва дорои қобилияти қабули қарорҳои дуруст дар шароити мураккаби ҷаҳони имрӯз хизмат намояд. Дар ин маврид низоми таълим метавонад насли ҷавонро барои зиндагии фаъол, рақобатпазир ва саҳмгузор дар рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ омода созад.

Бо назардошти ин такмили пайвастаи барномаҳои таълимӣ, воридсозии усулҳои инноватсионӣ ва муосири омӯзиш, инчунин истифодаи фарогири технологияҳои рақамӣ ҳамчун талаботи ҳатмӣ ва зарурати замон арзёбӣ гардида, дар назди тамоми муассисаҳои таълимӣ вазифаҳои наву масъулиятнок мегузорад. Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки ба тарбия ва омоданамоии кадрҳои ҷавону соҳибтахассус машғуланд, уҳдадоранд раванди таълимро бо ниёзҳои бозори меҳнат, рушди илм, технология ва иқтисоди рақамӣ ҳамоҳанг намуда, мутахассисоне ба камол расонанд, ки дорои дониши амиқ, малакаҳои амалӣ ва ҷаҳонбинии муосир бошанд.

Таърих гувоҳ аст, ки тамоми таҳаввулоти бунёдӣ дар фаъолияти сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангиву маънавӣ ва раванди рушду такомул ёфтани тафаккури миллӣ бо кору пайкори олимону омӯзгорони асилу касбӣ пайванди ногусастанӣ дорад.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди паёмҳо борҳо ва бо таъкиди хос иброз менамоянд, ки омӯзгор меҳвари асосии ислоҳоти соҳаи маориф маҳсуб мешавад. Ин шаҳодати он аст, ки муваффақияти ҳар гуна ислоҳот дар низоми маориф ба нақш, мақом ва масъулияти омӯзгор вобаста аст.

Дар ин замина баланд бардоштани мақоми иҷтимоии омӯзгор бо қабули қонуни дахлдор аз ҷониби ҳукумат, таҳкими шароити моддиву иҷтимоии онҳо ҳамасола зимни пешниҳоди паёмҳо баланд бардоштани музди маош, такмили пайвастаи сатҳи касбият ва фароҳам овардани муҳити мусоид барои фаъолияти эҷодию таълимии омӯзгорон ҳамчун самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян гардидаанд. Зеро омӯзгори аз ҷиҳати касбӣ тавоно метавонад насли ояндаро дар руҳияи донишандӯзӣ, масъулиятшиносӣ ва садоқат ба давлату миллат тарбия намояд ва ба ин васила заминаи устувори рушди ҷомеа ва фардои дурахшони Тоҷикистонро фароҳам созад.

Дар баробари баррасии масоили муҳими иқтисодию иҷтимоӣ ва маърифатӣ Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаи тарбияи ахлоқию маънавии ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Таъкид гардид, ки ҷавонон бояд дар руҳияи ростқавлӣ, масъулиятшиносӣ, эҳтиром ба қонун, таҳаммулпазирӣ, инсондӯстӣ ва садоқат ба Ватан тарбия ёбанд, зеро ҷомеаи солим пеш аз ҳама аз шахсиятҳои солим, худогоҳ ва дорои арзишҳои устувори ахлоқӣ иборат мебошад.

Ҳамзамон Пешвои миллат ҷавононро ба омӯзиши амиқу пайвастаи илм, азхудкунии фанновариҳои нав, забонҳои хориҷӣ ва касбҳои замонавӣ ҳидоят намуда, зарурати омодагӣ ба рақобати шадиди ҷаҳони муосирро таъкид доштанд.

Фаромӯш набояд кард, ки дар ин раванд масъулияти оила, мактаб ва ҷомеа ҳамчун се рукни асосии тарбия муҳим ва тақдирсоз арзёбӣ мегардад. Таҷриба нишон медиҳад, ки тарбияи дуруст ва самаранок танҳо дар шароити ҳамоҳангӣ, ҳамкории пайваста ва масъулияти муштараки ин се ниҳоди муътабар ба натиҷаи дилхоҳ мерасад. Аз ин рӯ, таҳкими робитаҳои муассисаҳои таълимӣ бо падару модарон ва ҷомеа ҳамчун шарти асосии муваффақият ва омили муҳими ташаккули шахсияти солим таъкид мегардад.

Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ омӯзиши осори безаволи классикони адабиёти тоҷик, эҳёи суннатҳои маънавӣ ва истифодаи ҳадафмандонаи арзишҳои фарҳангӣ дар раванди таълиму тарбия ҳамчун воситаи муассири пайванди насли ҷавон бо решаҳои таърихии худ арзёбӣ шудааст. Ин раванд имкон медиҳад, ки ҷавонон бо дарки амиқи таъриху фарҳанги миллӣ, эҳсоси ифтихор, масъулият ва садоқат ба давлату миллатро дар худ парвариш намоянд.

Ҳамзамон Пешвои миллат бо огоҳии ҷиддӣ ҳушдор доданд, ки дар баробари пешрафт ва равандҳои ҷаҳонишавӣ бояд аз хатарҳои ифротгароӣ, хурофотпарастӣ ва бепарвоӣ нисбат ба арзишҳои миллӣ ҳушёр ва бедор буд. Дар ин раванд, маориф ва тарбияи солим ҳамчун беҳтарин, муассиртарин ва пойдортарин воситаи муқовимат бо чунин падидаҳои номатлуб арзёбӣ мегардад. Зеро маҳз тавассути таълиму тарбияи дуруст метавон ҷаҳонбинии солим, тафаккури рушдёфта ва масъулияти шаҳрвандиро дар зеҳни ҷавонон ташаккул дода, онҳоро аз ҳар гуна андешаҳои ифротӣ ва хурофотӣ эмин нигоҳ дошт.

Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба ифтихори ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ- 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2026-ро Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон намуданд, ки ин иқдоми шоистаи таҳсин идомаи мантиқии сиёсати давлатсозии Роҳбари давлат ба ҳисоб меравад.

Иқдоми навбатии Сарвари давлат дар эълони соли 2026 ҳамчун соли ободкорӣ ва худшиносӣ бозгӯи он аст, ки дар маркази сиёсати давлатӣ ҳамеша инсон, худшиносиву худогоҳӣ ва ояндаи давлат қарор дорад. Ин ташаббус мардумро ба созандагӣ, иттиҳод ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ ҳидоят менамояд.

Ободониву созандагӣ на танҳо бунёди иншооти нав, роҳу пулҳо ва шаҳру деҳоти замонавӣ, балки ободии тафаккур, муҳити иҷтимоӣ ва фарҳанги зиндагӣ мебошад. Дар шароити ҷаҳони муосир, ки таҳдиду чолишҳо афзоиш меёбанд, рушди устувор ва ободии ҷумҳурӣ кафили амнияти миллӣ ва некӯаҳволии мардум аст. Эълони соли махсус ба корҳои ободонӣ такони ҷиддӣ ба татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ бахшида, ҳисси масъулияти ҳар шаҳрванди мамлакатро дар назди Ватан боз ҳам тақвият хоҳад бахшид.

Дар ин баробар зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ бо дастури Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси бунёди Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ дар пойтахти ҷумҳурӣ-шаҳри Душанбе иқдоми бузурги фарҳангдӯстона маҳсуб мешавад. Ин марказ на танҳо иншооти меъморӣ, балки таҷассуми зиндаи таърихи чандҳазорсолаи тоҷикон ҳамчун ворисони тамаддуни ориёӣ хоҳад буд. Бунёди чунин марказ дар қалби пойтахт нишони он аст, ки давлат ба решаҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва тамаддунии миллат арҷ мегузорад ва онҳоро ҳамчун пояи устувори худшиносии миллӣ муаррифӣ менамояд.

Дар солҳои истиқлоли давлатӣ Сарвари давлат пайваста ба омӯзиш, эҳё ва тарғиби таърихи бостонӣ, забон, ойинҳо ва арзишҳои фарҳангии ниёгон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, онро самти афзалиятноки сиёсати давлатдорӣ қарор доданд. Маркази тамаддуни ориёӣ идомаи мантиқии ҳамин сиёсати хирадмандона буда, нақши муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун меъмори эҳёи маънавии миллат боз ҳам равшантар месозад.

Маркази тамаддуни ориёӣ метавонад ба мактаби бузурги худшиносӣ барои тамоми қишрҳои ҷомеа, хусусан ҷавонон табдил ёбад. Ошноӣ бо таърихи ориёӣ, саҳми ниёгон дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ ва арзишҳои инсондӯстонаи онҳо ҳисси ифтихор, масъулият ва ватандӯстиро дар зеҳни шаҳрвандон тақвият мебахшад.

Ин ҳама бори дигар собит месозад, ки Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун роҳнамо ва барномаи амал на танҳо рушди иқтисодию иҷтимоиро ҳадаф қарор медиҳад, балки ба ҳифзи асолати миллӣ, таҳкими ҳувият ва тарбияи насли огоҳу солимандеш равона гардидааст.

Бо чунин равиш Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба мактаби бузурги сиёсӣ ва маънавӣ табдил ёфтааст, ки дар он ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ, бахусус омӯзгорону ҷавонон метавонанд барои худ дарси ибрат ва роҳнамои зиндагӣ пайдо намоянд.

Ҳидоятҳои Роҳбари давлат моро водор месозанд, ки ба фардо бо умеду боварӣ нигарем, зеро роҳи интихобшуда роҳи дониш, маърифат, худшиносӣ ва созандагӣ аст. Ин роҳест, ки миллатро ба истиқлоли воқеии фикрӣ ва пешрафти устувор мерасонад.

Дар маҷмуъ, Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун чароғи роҳнамои маориф ва тарбияи ҷавонон заминаи боэътимоди ташаккули насли худшинос, фарҳангдӯст ва ояндасоз буда, моро ба сӯи ҷомеаи пешрафта, мутамаддин ва соҳибмақом дар арсаи ҷаҳонӣ раҳнамун месозад.

Мунир САФАРЗОДА,
ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, дотсент

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Январь 11, 2026 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ХУДШИНОСИЮ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Озмуни «Шоҳномахонӣ» рӯйдоди муҳими фарҳангию маърифатӣ аст
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сӯзании Панҷакент рамзи фарҳанги миллӣ ва пешрафти ҳунарҳои дастии занони тоҷик аст
Гуфтори «Ман аввал тоҷикам, баъд мусулмон» заминаи ваҳдати миллӣ ва фарҳанги ҳамзистиро муҳайё месозад
АЗ СЕ ЯК ҲИССАИ УМРИ ИНСОН ДАР ҶОИ КОР МЕГУЗАРАД. Ва ё ба кормандон муҳайё намудани шароити хуби меҳнат зарур аст
Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист оид ба шарҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиши сиёсӣ доир шуд
АВВАЛ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ, БАЪДАН ҲУВИЯТИ ДИНӢ. Тоҷик касест, ки худро вориси тамаддуни ниёгон медонад
ТАНИ СОЛИМ МАҲСУЛИ АҚЛИ СОЛИМ АСТ. Ва ё чаро баъзе доруҳо ба саломатии инсон зарари ҷиддӣ мерасонанд?
«МАН АВВАЛ ТОҶИКАМ, БАЪД МУСАЛМОН!». Миллатдӯстӣ шарти асосии муқовимат ба таҳдидҳои мафкуравӣ аст
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ. Аз таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 19 сол пур шуд
Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатъномаи ЮНЕП дар пешбурди дипломатияи муҳити зисти Тоҷикистон нақши назаррас дорад»
РИОЯИ ОДОБУ РУСУМИ НЕКИ МИЛЛӢ. Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ