СОЛИ 2026 МОРО ЧӢ ИНТИЗОР АСТ? Гузориши хабарнигорони АМИТ «Ховар» дар бораи навгониҳо дар ҳаёти сокинони Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 01.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли ду ҳазору бисту шаш дар тақвими шарқӣ соли асп аст. Ин соли 2026-уми давраи мо, соли 26-уми ҳазорсолаи сеюм, соли 26-уми асри XXI, соли шашуми даҳаи 3-юми асри XXI мебошад.
Соли 2026 сокинони Тоҷикистонро кадом навгониҳо интизоранд? Дар ин хусус матлаби омодакардаи хабарнигорони АМИТ «Ховар» пешниҳод мегардад.
— Соли 2026 барои мардуми тоҷик соли таърихӣ ба ҳисоб меравад, зеро дар ин сол сокинони мамлакат 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд. Дар робита ба ин барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ 16 декабри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ соли 2026-ро «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» эълон намуданд.
Буҷет
Даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026 дар ҳаҷми 65 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба буҷети тасдиқшудаи соли 2025 15,5 миллиард сомонӣ ё 31,2 фоиз зиёд мебошад. Дар буҷети давлатӣ барои соли 2026 барои маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ 29,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки 44 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷет ё 15,1 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.
Сиёсати хориҷӣ
Соли 2026 дар шаҳри Душанбе Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор мегардад.
***
Тоҷикистон соли 2026 дар Шурои сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (ШОС) раёсат хоҳад кард.
***
Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об (UN Water Conference) соли 2026 дар Амороти Муттаҳидаи Араб, дар шаҳри Абузабӣ аз 2 то 4 декабри соли 2026 баргузор мегардад. Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои пешсаф дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об буда, бо ташаббусҳои байналмилалии худ, аз ҷумла Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» дар баргузории Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид саҳми назаррас дорад.
***
Соли 2026 дар Тоҷикистон ҷаласаи Шурои вазирони корҳои дохилии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.
Дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ
Шуруъ аз 1 сентябри соли 2026 бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мамлакат ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда мешавад.
Музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда мешавад.
Ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар ба андозаи 1300 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда мешавад.
Инчунин бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ аз 1-уми сентябри соли 2026 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ дар сатҳи таварруми соли 2025, вале на кам аз 15 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия (зиёд) карда мешавад.
Дар самти иқтисод
Соли 2026 суръати рушди иқтисоди миллӣ на кам аз 8 фоиз таъмин мегардад.
***
Соли 2026 «Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2026-2030» таҳия карда мешавад.
Дар соҳаи савдо ва саноат
Дар соли 2026 «Стратегияи рушди бозори сармоя» таҳия ва қабул карда мешавад.
***
Дар соли 2026 «Барномаи нави саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026 – 2030» ва «Барномаи рушди истеҳсолу ғанигардонии металлҳои ранга, нодиру қиматбаҳо ва дигар ашёи хоми муҳим» қабул ва амалӣ гардонида мешаванд.
Дар соҳаи ҳифзи табиат
Охири моҳи июни соли 2026 ҷаласаи навбатии Шурои директорони Бунёди иқлими сабз дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст.
Дар соҳаи маориф
Соли 2026 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз зиёд мегардад. Ҳукумати мамлакат маблағгузории ин соҳаи маорифро мунтазам зиёд менамояд ва ҳар сол ҳаҷми умумии он беш аз 21 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Соли 2026 барои соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025-ум 25,4 фоиз ва нисбат ба даҳ соли қабл, яъне соли 2015-ум панҷуним баробар зиёд мебошад.
Дар соҳаи тандурустӣ
«Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ барои солҳои 2026 – 2030» таҳия ва татбиқ мегардад.
Дар соҳаи кишоварзӣ
Соли 2026 аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иди Меҳргон, Тиргон, Наврӯз ва Сада таҷлил карда мешаванд.
***
Соли 2026 дар Тоҷикистон Фестивали картошка ва биринҷ, Иди асал, себ, тарбузу харбуза, инчунин Фестивали чорвои зотӣ доир мегардад.
***
Соли 2026 дар шаҳри Душанбе Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ баргузор мегардад.
***
«Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2026 – 2030» таҳия ва амалӣ мешавад.
***
Соли 2026 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия мегардад.
Дар самти роҳу нақлиёт
Соли 2026 сохтмону навсозии 300 километр роҳҳои мошингарди байналмилалию ҷумҳуриявӣ ба маблағи умумии 3 миллиард сомонӣ оғоз мегардад. Роҳҳои Ваҳдат – Обигарм 70 километр, Гулистон – Кӯлоб 33 километр, Хоруғ – Роштқалъа 39 километр, Мурғоб – Кулма 67 километр, Балҷувон – Сари Хосор 55 километр, Хистеварз – Конибодом (Арка) 10 километр, 11 километр роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб ва 5 пули мошингард дар роҳи Лаби Ҷар – Сангвор аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
***
Шуруъ аз 1 июли соли 2026 дар Иттиҳоди Аврупо талаботи нав ба тахографҳо эътибор пайдо мекунад. Яъне, минбаъд мошинҳои дорои вазни иҷозатдодашудаи зиёда аз 2,5 тонна, аз ҷумла мошинҳои сабуки тиҷоратӣ бояд бо Smart Tacho 2 муҷаҳҳаз карда шаванд.
Дар соҳаи энергетика
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт ба истифода дода мешавад. Ҳоло корҳои лоиҳавии сохтмони неругоҳҳо бо иқтидори 250 мегаватт дар вилояти Суғд ва 250 мегаватт дар вилояти Хатлон оғоз гардида, то моҳи августи соли 2026 ба истифода супорида мешаванд.
***
Шуруъ аз 1 феврали соли 2026 дар Тоҷикистон тарифҳои нави барқу гармӣ ҷорӣ карда мешаванд.
***
Соли 2026 Кодекси энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мегардад.
Дар самти авиатсияи гражданӣ
Соли 2026 барои навсозӣ ва ба шароити муосири хизматрасонӣ мутобиқ гардонидани фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Бохтар ва Кӯлоб тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Дар соҳаи алоқа
«Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» таҳия карда мешавад.
Дар самти андоз
Соли 2026 «Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030 қабул ва татбиқ мегардад
Дар соҳаи фарҳанг
Соли 2026 1050-солагии Робияи Балхӣ, ки ба Феҳристи бузургдоштҳои ЮНЕСКО ворид гардидааст, дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта мешавад.
***
Соли 2026 дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе бузургтарин иншооти соҳа – Театри миллӣ ба истифода дода мешавад.
***
Соли 2026 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар соҳаи бостоншиносӣ» таҳия мегардад.
***
Соли 2026 дар шаҳри Душанбе «Маркази тамаддуни ориёӣ» бунёд карда мешавад.
***
Соли 2026 дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии Наврӯз сохта мешавад.
***
Соли 2026 Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор мегардад.
Дар самти варзиш
Соли 2026 Анҷумани ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе баргузор мегардад.
***
Наврасони Тоҷикистон оид ба футбол дар Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои то 17-сола иштирок менамоянд.
***
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба ҷиу-ҷитсу дар Бозиҳои Осиёӣ, ки охири соли 2026 дар Ҷопон баргузор мегардад, иштирок менамояд.
***
Моҳи майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалии ҷудо «Dushanbe Grand Slam» баргузор мегардад. Ин чорабинӣ ҷузъи Ҷоми ҷаҳонии ҷудо (IJF World Tour) буда, аз ҷониби Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) тасдиқ карда шудааст.
Таҳиякунандагон:
Пайрав ҚОСИМ,
Раъно НУСРАТУЛЛО,
Марзия САИДЗОДА,
Зарангези ЛАТИФ,
Фирӯзаи ДАВЛАТ
Моҳинави НАВРӮЗ,
хабарнигорони АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ПАЁМИ ЭҲЁИ МАЪНАВӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз сармоягузорӣ ба ояндаи маънавии миллат мебошанд
Сарфаи неруи барқ на танҳо ба коҳиши хароҷоти оилавӣ, балки ба самаранокии неруи барқ низ мусоидат менамояд
СОЛИ 2026 – СОЛИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Сарзамини куҳанбунёд, аммо тозаистиқлоли мо 35-сола мешавад
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Моҳи майи соли 2026 Душанбе мизбони Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» мегардад
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ — ПОЯИ АДОЛАТ. Дар робита ба ташаббуси Тоҷикистон дар бораи «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027»
ТАҲКИМИ СУЛҲ ДАР МЕҲВАРИ ТАШАББУСҲО ВА ХИРАДИ АЗАЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар ҳошияи сарфарозгардонии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой
ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РОҲНАМОИ АМАЛ. Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар Душанбе фаъолиятро тибқи ин санад ба роҳ мондаанд
ҒИЗОИ СОЛИМ. Истеъмоли шибит ба организми инсон чӣ фоида дорад?






