Тағйирёбии ҳарорати ҳаво, обшавии босуръати пиряхҳо ва афзоиши басомади офатҳои табиӣ. Андешаҳои коршинос дар ин мавзуъ

Январь 1, 2026 15:30

ДУШАНБЕ, 01.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Мавзуи ҳифзи пиряхҳо, омӯзиши илмҳои криосфера ва амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим аҳамияти стратегӣ ва ҷаҳонӣ дорад. Тағйирёбии ҳарорати ҳаво, обшавии босуръати пиряхҳо ва афзоиши басомади офатҳои табиӣ имрӯз на танҳо муҳити зист, балки амнияти обӣ, рушди иқтисодӣ ва суботи иҷтимоии ҷумҳуриро таҳти таъсири ҷиддӣ қарор додааст.

 -16 декабри соли равон дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» масъалаи омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо ҳамчун яке аз самтҳои калидии илми муосир ва ҷузъи таркибии сиёсати давлатӣ таъкид гардид. Сарвари давлат ба таври возеҳ иброз доштанд, ки омӯзиши пиряхҳо имрӯз на танҳо аҳамияти илмӣ, балки аҳамияти стратегии миллӣ ва байналмилалӣ дорад.

Бо мақсади таҳкими заминаи институтсионалӣ ва баланд бардоштани самаранокии таҳқиқоти илмӣ пешниҳод гардид, ки Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо» ба Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо» табдил дода шавад. Ин қадами муҳим дар самти рушди илм, тақвияти иқтидори кадрӣ ва мутобиқсозии таҳқиқоти миллӣ ба стандартҳои ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад.

Пиряхҳои Тоҷикистон ҳамчун манбаи асосии ташаккули захираҳои обии Осиёи Марказӣ нақши калидӣ доранд ва коҳиш ёфтани онҳо метавонад ба мушкилоти обӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва суботи экологии тамоми минтақа таъсири ҷиддӣ расонад.

Дар ин замина Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ фаъолияти худро ба омӯзиши тағйирёбии иқлим, мониторинги пиряхҳо, арзёбии хатарҳои табиӣ ва таҳияи тавсияҳои илмӣ равона намудааст.

Яке аз самтҳои калидии фаъолияти Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ омӯзиш ва мониторинги ҳолат, динамика ва таҳаввули пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим мебошад. Дар ин замина таҳқиқоти саҳроӣ ва таҳлили маълумоти моҳворавӣ дар ҳавзаҳои гуногуни кӯҳии ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо, аз ҷумла дар ҳавзаҳои дарёҳои Варзоб, Сурхоб, Камароб, Ванҷоб ва дигар минтақаҳои Помир анҷом дода шуд.

Дар ҷараёни ин таҳқиқот истифодаи технологияи муосир, чун ҳавопаймоҳои бесарнишин (дронҳо), системаҳои GPS, аксҳои моҳворавии Sentinel-2, Landsat ва PlanetScope ба таври васеъ истифода гардиданд. Натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки дар якчанд ҳавзаҳо коҳиши назарраси масоҳати пиряхҳо ба қайд гирифта шудааст. Масалан, дар ҳавзаи дарёи Камароб нисбат ба маълумоти феҳристи пиряхҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ (1971) масоҳати пиряхҳо тақрибан 27,7 фоиз коҳиш ёфтааст. Раванди бесобиқаи гармшавии ҳарорат таъсири худро асосан ба пиряхҳои набзонӣ хеле равшан нишон медиҳад.

Дар ҳамкорӣ бо Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон омӯзиши пиряхи Деҳдал, ки яке аз пиряхҳои характакунандаи минтақа ва омили эҳтимолии эҷоди хатарҳои табиӣ ба ҳисоб меравад, солҳои охир таваҷҷуҳи махсусро ҷалб намуд. Таҳқиқот нишон доданд, ки пиряхи Деҳдал дорои реҷаи даврагии ҳаракат мебошад ва дар гузашта борҳо марҳалаҳои пешравии босуръатро аз сар гузаронидааст. Ин натиҷаҳо бо истифода аз аксҳои муосири моҳворавии Sentinel-2 дар муқоиса бо маълумоти саҳроии собитшуда ва феҳристи пиряхҳои Иттиҳоди Шуравӣ  (1971) ба даст омаданд. Дар моҳҳои сентябр–октябри соли 2025 марҳалаи нави ҳаракати фаъоли пирях муайян гардид, ки бо пешравии забонаи он тақрибан 4500 метр ҳамроҳӣ дошт. Ин ҳолат идомаи силсилаи таърихии мушоҳидаҳо (солҳои 1890, 1974 ва 2015-2016) буда, хусусияти даврагии ҳаракати пиряхи Деҳдалро тасдиқ менамояд. Дар ҳолати идома ёфтани чунин равандҳо эҳтимоли сар задани хатарҳои табиӣ, аз ҷумла басташавии маҷрои дарёҳо ва ташаккули кӯлҳои пиряхӣ вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, мониторинги доимии ин пирях ҳамчун омили муҳими пешгирии офатҳои эҳтимолӣ арзёбӣ мегардад.

Самти дигари муҳими фаъолияти марказ омӯзиши пӯшиши барф ва арзёбии хавфи тармафароӣ дар минтақаҳои осебпазири кӯҳистон мебошад. Дар ин замина Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2024-2025 дар мавзеи Майхура 10 пойгоҳи баҳогузории пӯшиши барф ва мониторинги тармафароиро дар баландиҳои гуногун аз сатҳи баҳр насб намуд.

Ин пойгоҳҳо бо истифода аз технологияҳои муосир имконият медиҳанд, ки хавфи рух додани тармаҳо пешакӣ арзёбӣ гардида, тадбирҳои саривақтии пешгирӣ андешида шаванд. Пойгоҳҳо нишондиҳандаҳои муҳими метеорологӣ, аз ҷумла миқдори бориш, ҳарорати ҳаво, намӣ, суръат ва самти шамол, ғафсии қабати барф, обнокӣ ва зичии барф, инчунин ҳарорат ва таркиби намии қабати барфро дар панҷ сатҳ ба қайд мегиранд.

Илова бар ин, пойгоҳҳо бо камераҳои назоратӣ ва таҷҳизоти бақайдгирии рақамӣ муҷаҳҳаз буда, фаъолияти онҳо аз шаҳри Душанбе дар реҷаи воқеии вақт назорат карда мешавад. Татбиқи чунин низоми мониторинг дар минтақаҳои кӯҳии ҷумҳурӣ қадами муҳим дар самти коҳиш додани хавфи тармафароӣ ва ҳифзи ҳаёти аҳолӣ ва инфрасохтори нақлиётӣ маҳсуб мешавад.

Таҳлилҳои охирин нишон медиҳанд, ки тақсимоти бориш ва захираи барф дар манотиқи баландкӯҳ, миёнакӯҳ ва поёноби ҳавзаҳо ба таври назаррас тағйир ёфтааст. Камшавии бориши барфӣ ва баландшавии ҳарорати миёнаи солона ба коҳиши захираи пиряхҳо ва барф оварда мерасонад. Он ба устувории экосистемаи кӯҳӣ ва таъминоти оби нӯшокӣ таъсири мустақим мерасонад.

Дар самти омӯзиши кӯлҳои минтақаҳои кӯҳӣ фаъолияти марказ ба мониторинги кӯли Сарез ва садди Усой равона шудааст. Дар доираи Барномаи «Мониторинги равандҳои деформатсионии сарбанди кӯли Сарез бо истифода аз технологияи системаҳои моҳворавии BeiDou» назорати доимии ҳолати сарбанди Усой ва соҳилҳои хатарноки кӯл ба роҳ монда шудааст.

Истифодаи технологияи BeiDou имкон медиҳад, ки равандҳои деформатсионии сарбанд бо саҳеҳияти камтар аз 1 сантиметр ба таври автоматикӣ ба қайд гирифта шаванд. Маълумот дар реҷаи вақти воқеӣ дар ҳар ду дақиқа ба Маркази ҳамгироӣ ва коркарди додаҳо интиқол ёфта, пас аз коркарди пурра таҳти назорати доимӣ қарор мегирад.

Дар айни замон 7 пойгоҳ дар массаҳои лағжанда ва мавзеъҳои эҳтимол хатарнок дар қисмати ғарбии кӯли Сарез насб гардидаанд, ки барои муайянсозии саривақтии хатари ярч аҳамияти махсус доранд.  Омӯзиши мукаммали кӯли Сарез, таҳқиқи пиряхҳои набзонӣ, насби 8 пойгоҳи рақамӣ барои мониторинги деформатсияи қишри замин, ҳамчунин татбиқи системаи огоҳкунии пешакии тармафароӣ дар Майхура аз ҷумлаи тадбирҳои муҳим мебошанд.

Истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин (дронҳо) ва технологияҳои рақамӣ дар мониторинги тағйироти морфодинамикӣ самаранокии таҳқиқоти илмиро ба таври назаррас баланд бардошта,  барои қабули қарорҳои оқилона заминаи боэътимод фароҳам месозад.

Ин таҳқиқот солҳои минбаъда боз ҳам вусъат дода шуда, бо ҷалби технологияҳои пешрафта ва омода намудани кадрҳои баландихтисос идома меёбад. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ моро бори дигар водор месозад, ки масъулияти илмӣ ва шаҳрвандиамонро дар самти омӯзишу ҳифзи пиряхҳо, коҳиш додани хавфҳои табиӣ ва фаъолияти таҳқиқотӣ ва амалӣ дар ин самт боз ҳам тақвият бахшем.

Маҷид ГУЛАЁЗОВ,
ҳамдиректори Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 1, 2026 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Бо маблағи беш аз 5 миллион сомонӣ таҷҳизоти лабораторӣ харида шуд
Дар 7 соли охир дар Тоҷикистон беш аз 2600 корхонаи саноатӣ ба фаъолият оғоз намудааст
ПАЁМИ ЭҲЁИ МАЪНАВӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
СОЛИ 2026 МОРО ЧӢ ИНТИЗОР АСТ? Гузориши хабарнигорони АМИТ «Ховар» дар бораи навгониҳо дар ҳаёти сокинони Тоҷикистон
Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз сармоягузорӣ ба ояндаи маънавии миллат мебошанд
Сарфаи неруи барқ на танҳо ба коҳиши хароҷоти оилавӣ, балки ба самаранокии неруи барқ низ мусоидат менамояд
СОЛИ 2026 – СОЛИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Сарзамини куҳанбунёд, аммо тозаистиқлоли мо 35-сола мешавад
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Моҳи майи соли 2026 Душанбе мизбони Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» мегардад
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ — ПОЯИ АДОЛАТ. Дар робита ба ташаббуси Тоҷикистон дар бораи «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027»
ТАҲКИМИ СУЛҲ ДАР МЕҲВАРИ ТАШАББУСҲО ВА ХИРАДИ АЗАЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар ҳошияи сарфарозгардонии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой
БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА АРЗИШҲОИ МАЪНАВӢ БОЯД АРҶ ГУЗОШТ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РОҲНАМОИ АМАЛ. Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар Душанбе фаъолиятро тибқи ин санад ба роҳ мондаанд