Таҷрибаи академияҳои маъруфи ҷиу-ҷитсуи ИМА барои рушди варзиш дар Тоҷикистон омӯхта мешавад

Январь 13, 2026 10:59

ДУШАНБЕ, 13.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Каримзода дар  Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо вазъи кунунии рушди ҷиу-ҷитсу, таҷрибаи пешқадами мактабҳо ва академияҳои машҳури ҷаҳонӣ оид ба ин намуди варзиш  шинос шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон хабар доданд.

Манучеҳр Каримзода бо фаъолияти  якчанд академияи маъруфи ҷиу-ҷитсу, ки дар шаҳри Ню-Йорк, аз ҷумла дар минтақаи Манҳеттен ҷойгир мебошанд, ба монанди  академияҳои машҳури Марсело Гарсия ва Рено Грейси, ки яке аз марказҳои бонуфузи рушди ҷиу-ҷитсу дар ҷаҳон ба ҳисоб мераванд, шинос гардид.

Ҳамзамон бо мураббиёни номдор ва мутахассисони варзида вохӯрӣ  намуда, масъалаҳои марбут ба рушди ҷиу-ҷитсу, омодасозии варзишгарон, системаи таълим ва ҷалби оммавӣ ба ин намуди варзишро мавриди баррасӣ қарор дод.

Табодули таҷриба ва дониш дар сатҳи байналмилалӣ барои рушди минбаъдаи ҷиу-ҷитсу дар Тоҷикистон аҳамияти махсус дорад.

Диққати бештар ба он ҷалб гардид, ки дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷиу-ҷитсу на танҳо дар байни ҷавонон, балки дар байни намояндагони ҳама синну сол ва махсусан занон васеъ рушд ёфтааст.

Ин таҷриба нишон медиҳад, ки ҷиу-ҷитсу метавонад барои ҳама қишрҳои ҷомеа намуди варзиши дастрас ва ҷолиб бошад.

Бо назардошти ин таҷрибаи муфид президенти Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон нақша дорад, ки ба рушди ҷиу-ҷитсуи занона ва ҷалби бештари занону калонсолон ба ин намуди варзиш диққати ҷиддӣ диҳад. Татбиқи таҷрибаи байналмилалӣ метавонад ба болоравии сатҳи ҷиу-ҷитсу ва маъруфияти он дар Тоҷикистон мусоидат намояд.

АКС: Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон

Январь 13, 2026 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд