ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 январ, шанбе, 10-умин рӯзи соли 2026 аст
10 январи соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи сохтмони маркази нави барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ташриф оварда, навбати аввали онро бо иқтидори 50 мегаватт/соат неруи барқ мавриди истифода қарор доданд.
***
10 январи соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба муносибати 10–солагии таъсиси ин мақоми махсуси мубориза ба муқобили коррупсия баргузор гардид, суханронӣ намуданд.
10 ЯНВАР:
Рӯзи кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷкистон.
***
Дар Бенин – Рӯзи вуду (вуду –дини маъмулии бисёре аз кишварҳои Африқои Ғарбӣ аст).
***
Дар Ҷумҳурии Қазоқистон — Рӯзи Гвардияи миллӣ
***
Дар Ҷумҳурии Мардумии Чин — Рӯзи полис
***
Дар Амрико- Рӯзи кам кардани хароҷоти неруи барқ
***
Дар Тайиланд — Рӯзи кӯдакон
РӮЙДОДҲО:
10 январи соли 2007 бо иқдоми сиёсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ, бартараф намудани такроркунии вазифа ва ваколатҳои мақомоти идоракунии давлатӣ, таъмини шаффофият ва такмили фаъолияти назоратӣ Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
***
10 январи соли 2009 дар маҷлиси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳисоботи фаъолияти соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии пойтахт баррасӣ гардид.
***
15 сол пеш, 10 январи соли 2011 дар воситаҳои ахбори омма баённомаи Чин дар он бора нашр шуд, ки метавонад барои таъсис додани Бонки рушди Созмони ҳамкории Шанхай дар ҳаҷми 8 миллиард доллари ИМА сармоягузорӣ намояд.
***
10 январи соли 2017 дар Душанбе, дар қароргоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон маросими супоридани ҷоизаҳо ба беҳтарин варзишгарони соли 2016 баргузор шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 1966 Баённомаи Тошканд дар бораи ба низом даровардани муноқишаи соли 1965 дар минтақаи иёлати Кашмир ба имзо расид.
***
10 январи соли 1994 дар Брюссел барномаи Паймони шартномаи Атлантикаи шимолӣ оид ба «Ҳамкорӣ барои сулҳ» қабул карда шуд.
***
Соли 1946 дар Лондон аввалин ҷаласаи Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид.
***
Соли 1999 дар радиои Спартанбург (Каролинаи Ҷанубӣ, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико) рекорди давомнокии озмуни радиоие гузошта шуд, ки зимни он давоми 30 соат пай дар пай 3 ҳазору 33 савол дода шуд.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 январ, якшанбе, 11-умин рӯзи соли 2026 аст






