ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 январ, чоршанбе, 21-умин рӯзи соли 2026 аст

Январь 21, 2026 08:00

21 январи соли 2011 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

***

9 сол пеш, 21 январи соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба хабари ҳузнангези ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани шаҳрвандони Венгрия, аз ҷумла, кӯдакону наврасон бар асари садамаи нақлиётӣ дар Италия ба Президенти Венгрия Янош Адер барқияи тасаллият ирсол намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Боғи Наврӯзгоҳи пойтахт дарахтони нодири сояафкану ороишӣ шинонида, ба маъракаи ниҳолшинонӣ ва вусъати корҳои ободонию сабзазоркунӣ ва сабзу хуррам гардонидани муҳити атроф ҳусни оғоз бахшиданд.

21 ЯНВАР:

Дар Полша – Рӯзи бибӣ (модаркалон).

***

Дар Беларус — Рӯзи қӯшунҳои муҳандисӣ.

РӮЙДОДҲО:

21 январи соли 2014 Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар минтақаҳои наздисоҳилии  шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Восеи вилояти Хатлон шинос шуд.

***

21 январи соли 2016 воситаҳои ахбори омма хабар доданд, ки дастаҳои футболи Испания — «Реал»ва «Барселона», инчунин «Манчестер Юнайтед»-и Англия дар соли 2015 зиёда аз 500 миллион евро ба даст овардаанд.

***

15 сол пеш, 21 январи соли 2011 дар Остона, дар  Донишгоҳи миллии санъати Қазоқистон ҷаласаи дуюми Шурои ректорони консерваторияҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

***

21 январи соли 1862 Адам Опел дар шаҳри Рюсселхайми Олмон  корхонаи истеҳсоли мошинаҳои дӯзандагӣ ифтитоҳ намуд. Соли 1886 ширкати «Опел» истеҳсоли дучарха ва соли 1899 истеҳсоли мошинро сар кард, ки ҳоло яке аз ширкатҳои машҳуртарин дар ҷаҳон мебошад.

***

Соли 2014 дар пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин- шаҳри Пекин ҷаласаи якуми раёсати Шурои расмии Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид. Дар ҷаласа роҳбарони қисмҳои миллии Шурои расмии кишварҳои иштирокчии Созмон- Тоҷикистон, Русия, Чин, Қирғизистон, Қазоқистон ва Узбекистон иштирок намуданд.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Кароматулло Мирзоев (1942-2025) – Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Мукофоти давлатии ба номи Рӯдакӣ.

Январь 21, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш