ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 январ, чоршанбе, 7-умин рӯзи соли 2026 аст
7 январи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин вобаста ба заминларзаи харобиовар ва ба ҳалокат расидани шумораи зиёди одамон дар Чин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.
***
7 январи соли 2025 бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисони шаҳри Норак ва ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ва Раиси ноҳияи Нуробод аз ҳисоби кадрҳои ҷавону дар хизмати давлатӣ варзида таъйин гардиданд.
***
7 январи соли 1993 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон муносиботи дипломатӣ барқарор карда шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода баъди таъмир ва навсозӣ Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафеддара» расман ба истифода дода шуд.
7 ЯНВАР:
Рӯзи байналмилалии барномасозон
***
Дар Камбоҷа – Рӯзи ғалаба бар генотсид (қатли ом бо баҳонаҳои нажодӣ, миллӣ ва динӣ).
***
Дар Либерия – Рӯзи пешравон.
РӮЙДОДҲО:
7 январи соли 1956 Индонезия дар бораи баромадан аз ҳайати Созмони Милали Муттаҳид хабар дод.
***
7 январи соли 2015 дар Париж дар идораи маҷаллаи ҳаҷвии «Шарли Эбдо» амали террористӣ ба амал омад, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои мусаллаҳонаи ҷангиён 12 нафар ба ҳалокат расида, 11 нафар ҷароҳат бардошт.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол аввалин раддабандӣ — рейтинги дастаҳои миллиро нашр кард. Дастаи мунтахаби Точикистон чун дар раддабандии моҳи декабри соли 2015 мақоми худро нигоҳ дошта, бо 196 хол зинаи 148-умро касб намуд.
***
Соли 2016 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе дастаи футболи наврасони Тоҷикистон (U-22) дар доираи омодагиҳо ба мусобиқоти байналмилалии Ҷоми Иттиҳод – 2016 бо чемпиони чоркаратаи Тоҷикистон – дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бозӣ анҷом дод.
***
7 январи соли 2023 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки аз моҳи январи соли 2023 нашрияи узбекзабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Халқ овози» дар замони истиқлолияти давлатӣ бори аввал беш аз 10 ҳазор нусха нашр мешавад.
***
Соли 1927 аввалин маротиба дар ҷаҳон алоқаи телефонии фароатлантӣ ба роҳ монда шуда, Ню-Йоркро бо Лондон пайваст.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Ҳақназар Ғоиб — соли 1943,- аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1976), Шоири халқии Тоҷикистон (1996), барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ (2000) ва Ҷоизаи ба номи Шамсиддин Шоҳин (2013).
***
Муқаддас Набиева— соли 1950, овозхони тоҷик, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Тоҷикистон (1977).








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 январ, панҷшанбе, 8-умин рӯзи соли 2026 аст






