Таъсиси Маркази тамаддуни ориёӣ на танҳо иқдоми сиёсию фарҳангӣ, балки даъват ба худшиносии миллӣ аст
ДУШАНБЕ, 05.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 16 декабри соли 2025 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур доданд, ки барои дар шаҳри Душанбе бунёд намудани Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ чораҷӯйӣ намоянд.
Тавре президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ташкили Конуни тамаддуни ориёӣ дар маркази Тоҷикистон-шаҳри Душанбе рамзӣ буда, гувоҳи меросбари асили тамаддуни ориёӣ маҳсуб шудани мо, тоҷикон мебошад. Ташкили ин марказ имкон медиҳад, ки бори дигар ва ба таври шоиста миллати тоҷик ҳамчун меросбари ягонаи тамаддуни ориёӣ дар минтақа муаррифӣ карда шавад. Ин ташаббуси Сарвари давлат имкон медиҳад, ки дар муддати кӯтоҳтарин садди роҳи аз худ намудани арзишҳои тамаддуни ниёгонамон аз ҷониби бегонагон шавем.
Ташкил ва ба истифода додани Конуни тамаддуни ориёӣ имкон медиҳад, ки минбаъд таваҷҷуҳи муҳаққиқону муаррихон ба таърихи беш аз шашҳазорсолаи халқи тоҷик афзояд. Ҳарчанд марҳалаҳои таърихи халқи тоҷик аз ҷониби муҳаққиқони зиёди хориҷӣ мавриди таҳқиқот қарор гирифта бошанд ҳам, вале аксари осори онҳо ба манфиатҳои миллии мо созгор нест. Ҳадафи меҳварии ин дастури Роҳбари давлат, агар аз як ҷониб, муаррифии тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунофар ва меросбари аслии ориёиҳо бошад, аз ҷониби дигар, ҳарчи бештар фарогир кардани таҳқиқоту пажӯҳишҳои илмӣ дар робита ба таърихи тамаддуни ориёиҳо мебошад.
«Бояд таъкид ва хотирнишон сохт, ки то ин давра барои шинохти таърихи тамаддуни ориёӣ аз ҷониби Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асарҳои гаронқимат таълиф гардиданд. Махсусан, осори бунёдие, ба монанди «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён», «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёиҳо», «Забони миллат – ҳастии миллат» ва «Чеҳраҳои мондагор» навишта шуданд, ки масъалаҳои меҳварии таърихи тамаддуни ориёӣ дар онҳо баррасӣ карда мешаванд»,-гуфт Қобилҷон Хушвахтзода.
Ба андешаи раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ, таъсиси Конуни махсус ё Маркази тамаддуни ориёӣ метавонад ба фазои мутамаркази илмӣ-таҳқиқотӣ, фалсафӣ ва маърифатӣ табдил ёбад, ки дар он таърихи куҳан на ҳамчун ривояти сиёсишуда, балки ҳамчун воқеияти илмӣ ва таҷрибаи зиндаи инсоният таҳлил гардад. Чунин ниҳод имконият фароҳам меорад, ки тамаддуни ориёӣ бо усулҳои муосири илмӣ омӯзиш ёфта, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати дорои тамаддуни бузург, ҷаҳонбинии инсонмеҳвар ва саҳми воқеӣ дар ташаккули фарҳанги умумибашарӣ муаррифӣ карда шавад.
Тамаддуни ориёӣ — маҷмуи ҳамоҳанги арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва фалсафиест, ки давоми ҳазорсолаҳо дар сарзаминҳои ориёинишин ташаккул ёфта, ҷаҳонбинии инсонмеҳвар ва хирадгаро, меъёрҳои адолат, масъулияти иҷтимоӣ ва эҳтиром ба табиатро ба вуҷуд овардааст. Он таҷрибаи давлатдорӣ, фарҳангсозӣ ва маърифатпарварии мардумони куҳанбунёд, аз ҷумла миллати тоҷикро фаро гирифта, ҳамчун яке аз сарчашмаҳои муҳими ташаккули тамаддуни умумибашарӣ шинохта мешавад.
Барои ҷомеаи имрӯзаи мо, ки дар ҷараёни ҷаҳонишавӣ қарор дорад, ин тамаддун метавонад ҳамчун пояи худшиносӣ хизмат кунад. Худшиносӣ на маънои инзиво, балки дарки ҷойгоҳи худ дар ҷаҳони муосир аст. Омӯзиши мероси ориёӣ имкон медиҳад, ки мо худро ҳамчун идомадиҳандагони суннати бузурги фарҳангӣ эҳсос кунем ва ҳамзамон бо дигар тамаддунҳо ба гуфтугӯи баробар ворид шавем.
«Ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба таъсиси Маркази тамаддуни ориёӣ дар шаҳри Душанбе на танҳо иқдоми сиёсиву фарҳангӣ, балки садои бедории хотираи таърихӣ ва даъвати масъулиятнок ба худшиносии миллӣ мебошад. Ин ташаббус гӯё байни ҳазорсолаҳо пули нозуке месозад, ки аз он хиради бостонӣ ба сӯи ҷаҳони муосир қадам мегузорад ва ба инсон ёдрас мекунад, ки бе реша ҳеҷ дарахт самар намедиҳад. Аз ин рӯ, ташаббуси Пешвои миллат на танҳо ёдоварии таърихи куҳан, балки даъват ба офариниши оянда аст»,-навиштааст Фарҳод Раҳимӣ.
«Зарурати таъсиси Маркази тамаддуни ориёӣ барои таҳкими ҳувияти миллӣ ва эҳёи хотира гардиши куллии таърихию фарҳангие ба шумор меравад, ки куҳанбунёд ва соҳибтамаддун будани мардуми моро тақвият мебахшад»,- мегӯяд доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Муҳаммад Абдураҳмон.
Муҳаммад Абдураҳмон таъкид намуд, ки «давраи муосир, яъне замони соҳибистиқлолӣ давраест, ки эҳёи тамаддуни Ориёи Бузург барои давлату миллати мо муҳимияти масъалаи бақодорӣ дар минтақа, ҳифзи марзу бум ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, масъалаи бунёди Маркази тамаддуни ориёӣ барои миллати мо ва дигар ориёнажодон танҳо падидаи нав нест, балки ин зарурати бузурги таърихиест, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд тамаддуни ориёиро бо идеяи муосир ва ҷасорату шуҷоати беҳамто аз нав эҳё намоянд.
Албатта, ин иқдоми бузурге, ки дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод гардид, андешаи бунёдӣ ва фаромиллие мебошад, ки барои миллату Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар наслҳои ориёинажод боиси дастгирӣ ва эҳтирому эътирофи хосса мебошад».
Бояд гуфт, ки барои ҷомеаи имрӯзаи мо, ки дар марҳилаи муҳими рушди миллӣ ва ҳамгироӣ бо ҷаҳони муосир қарор дорад, тамаддуни ориёӣ метавонад чун пояи устувори худшиносӣ ва ояндасозӣ хизмат намояд. Он моро ба ҳифзи ҳувияти миллӣ, таҳкими ваҳдат, тарбияи инсонҳои масъулиятнок ва сохтани ҷомеаи одил даъват мекунад.
Тавре Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, «тоҷикон яке аз миллатҳои фарҳангиву тамаддунсози дунё мебошанд. Боиси ифтихори мост, ки гузаштагони некноми мо – ориёиҳо ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, ойину суннатҳои бою рангоранги башардӯстона, анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидонаро ба мерос гузоштаанд. Мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдоди худ онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем».
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Дар Тоҷикистон Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим амалӣ мегардад
ҶАШНИ САДА — МЕРОСИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКОН. Он оғози омодагӣ ба Наврӯз буда, табиату инсонро аз зимистон ба баҳорон мерасонад
ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ — ҲАДАФУ МАРОМИ ЗИНДАГӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН ВА ЭҲЁИ ҶАШНИ САДА. Андешаҳо дар ин маврид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз 1 сентябри соли 2026 музди меҳнати кормандону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон 10 фоиз зиёд мегардад
ИСТИФОДАИ КОРД АЗ ҶОНИБИ НОБОЛИҒОН. Андешаҳо оид ба ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва масъалаҳои пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон
ПАЁМ — РОҲНАМОИ МО. Президенти Тоҷикистон ба масъалаи таълиму тарбия, аз ҷумла таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд
26 ЯНВАР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЭНЕРГИЯИ ТОЗА. Тоҷикистон дар ҷаҳон яке аз давлатҳои пешсаф дар самти истеҳсоли энергияи тоза аст
ҒИЗОИ СОЛИМ. Шир ва маҳсулоти ширӣ муҳимтарин манбаи энергия ба шумор мераванд
РУШДИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ. Портали khizmat.ehukumat.tj ба шаҳрвандон 60 номгӯй хизматрасонӣ пешниҳод менамояд
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ гуна дар шароити хона метавон оиларо бо пиёзи тару тоза таъмин намуд
ПОС ДОШТАНИ УРФУ ОДАТҲОИ МАРДУМӢ. Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






