То 10 январ дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
ДУШАНБЕ, 05.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар ҷумҳурӣ то 10 январ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 6+11 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.
То 10 январ дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, рӯзона 7+12 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 ва 10 январ дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 2+7 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6-11 дараҷа хунук, рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9-14 дараҷа хунук ва рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 22-27 дараҷа хунук ва рӯзона 6-11 дараҷа хунук мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






