Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
ДУШАНБЕ, 08.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аллакай қариб 60 фоизи ҳама муроҷиатҳо ба ширкати «МегаФон Тоҷикистон» бо кумаки ёвари виртуалӣ баррасӣ ва ҳал карда мешаванд. Ба шарофати он, ки чат-боти «Доно» дарҳол посух медиҳад ва мунтазам такмил меёбад, нишондиҳандаи қаноатмандии мизоҷон (CSI) низ рӯ ба афзоиш аст: он аз оғози соли 2025 28 фоиз боло рафта, шумораи саволҳое, ки «Доно» ба онҳо ҷавоб медиҳад, 45 фоиз зиёд гардидааст.
«МегаФон Тоҷикистон» имконияти гуногуни хизматрасонӣ, аз ҷумла зангзанӣ ба маркази тамос ё муроҷиат ба идораи ширкатро пешниҳод мекунад. Аммо ҳалли мушкилот бо ёрии чат-бот боз ҳам зудтар амалӣ мешавад. «Доно» бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ кор мекунад, шабонарӯзӣ ва дар ҳама ҷо дастрас аст ва ба саволи маъмулӣ дар чанд сония, бе ягон навбат посух медиҳад.
«Доно» бо муштарӣ суҳбатро идома медиҳад ва бо истифода аз маълумоти марбута дар бораи тарофаҳо, бастаҳо ва бонусҳо посухҳои зарурӣ медиҳад. Баъди ба кор даромадан бот истифодабарандаро вобаста ба вақти шабонарӯз хайрамақдам мегӯяд, тавозун, бақияи тарофа, холҳои бонусӣ ва санаи пардохти навбатиро нишон медиҳад. «Доно» ҳам ба муштариёни ширкат ва ҳам барои истифодабарандагони дигар операторҳо дастрас аст – тавассути он метавон SIM-корт фармоиш дод ё рақамро интихоб намуд.
Муошират аз тариқи «Доно» осон аст: онро метавон дар сомона, ҳуҷраи шахсӣ, Telegram ва Facebook Messenger пайдо намуд. Шумо инчунин метавонед дар WhatsApp бо рақами 907 700 500 тамос гиред ё аз замимаи мобилии «МегаФон Life» барои идоракунии мустақилонаи хизматрасониҳо истифода баред.
«Доно» чӣ кумак мерасонад? Дар бахшҳои «Тавозун ва бонусҳо», «Хизматрасониҳо ва тарофаҳо» истифодабарандагон метавонанд тавозуни худро тафтиш кунанд, бонусҳоро ба хизматрасониҳои алоқа иваз кунанд, хизматрасониҳоро пайваст ва қатъ намоянд, тарофаҳоро иваз кунанд ва инчунин бо истифода аз калкулятори «Биё Бисоз 2.0» бастаҳои худро бисозанд. Дар бахши «МегаФон Life» ва мағозаи интернетии ширкат маълумот дар бораи хизматрасониҳо: мушаххасгардонии ҳамён, барқароркунии рамзи PIN, фармоиши рақамҳо бо бурдарасонӣ ва дастраскунии тафсилоти ҳисоб ҷойгир карда шудааст.
Дар баробари ин «Доно» дар хизматрасонӣ аз рӯи интернети хонагӣ кумак мекунад. Имконияти бот аз он вобаста аст, ки оё истифодабаранда суратҳисоби шахсӣ дорад ё не. Агар номбурда суратҳисоб надошта бошад, «Доно» ба ӯ имкон медиҳад, ки барои пайвасткунии «Интернет барои хона» дархост гузорад, истинод барои санҷиши фарогирӣ ва маълумотро дар бораи тарофаҳои амалкунандаи солона ва моҳона пешниҳод менамояд. Дар масъалаҳои дигар ба муштарӣ маслиҳат медиҳад, ки бо рақами 4747 бо мушовир тамос гирад. Барои муштариёне, ки ҳисоби шахсӣ доранд, чат-бот имконияти васеъкардашударо пешниҳод мекунад.
Истифодабаранда метавонанд дар бораи ҳама суратҳисобҳои пайваст ба рақами телефони худ, аз ҷумла доир ба ҳар суратҳисоб, аз ҷумла тавозун, тарофаи ҷорӣ, тахфифҳо ва санаи пардохти навбатӣ маълумоти пурра ба даст орад. Ба ғайр аз ин, «Доно» маълумотро дар бораи хизматрасониҳои иловагии фаъол ва дастрас пешниҳод менамояд.
Боз як функсияи чат-бот кумак дар пайвасткунии кортҳои виртуалии eSIM ба шумор меравад. «Доно» маълумот дар бораи шартҳои пайвасткунӣ, аз ҷумла рӯйхати ҳуҷҷатҳои заруриро бо тартиби пай дар пай пешниҳод мекунад. Истифодабарандагон инчунин метавонанд маълумоти умумиро дар бораи eSIM ба даст оранд ва доир ба усулҳои дастраси фаъолсозии он маълумот пайдо намоянд.
Бахши «Идораҳо ва дастгирӣ» маълумотро дар бораи реҷаи кории идораҳо дар минтақаҳо пешниҳод карда, имкон медиҳад, ки бо оператор тамоси мустақим ба роҳ монда шавад. Агар чат-бот дар давоми як суҳбат се маротиба дархостро фаҳмида натавонад, ба истифодабаранда ба таври автоматӣ пайвастшавӣ бо оператор пешниҳод карда мешавад. Лекин «Доно» пайваста дар инкишоф аст, ва ҳарчи камтар дар пешниҳоди посух душворӣ мекашад. Ғайр аз ин, «Доно» фикру мулоҳизаҳоро ҷамъ меорад: истифодабарандагон чат-ботро аз рӯи ҷадвали 10-балӣ баҳо медиҳанд ва ҳангоми зарурат сабабҳои норозигиро нишон медиҳанд. Чунин равиш самаранокии ёвари виртуалиро баланд мебардорад.
«Чат-боти «Доно» барои муштариёни мо ба воситаи бисёр зарурӣ табдил ёфтааст. Он маълумоти мубрамро дар бораи тарофаҳо, бастаҳо ва хизматрасониҳо пешниҳод намуда, вақтро сарфа мекунад ва дар ҳалли аксар масъалаҳо бе муроҷиат ба оператор кумак мерасонад. Мо ба инкишофи вазифаҳои бот идома медиҳем, то раванди хизматрасонӣ боз ҳам мувофиқ ва самаранок гардад», — мегӯяд роҳбари самти таҷрибаи кор бо мизоҷон ва хизматрасонии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Фарангис Нурханова.
АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»








ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Бӯстон трансформатори муосир насб гардид






