33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 20.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 19 феврал ба ифтихори 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон хабар доданд.
Дар чорабинӣ ректори Донишгоҳ Убайдулло Асрорзода, намояндагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои таҳсилоти олии ҳудуди шаҳри Душанбе, роҳбарият ва ҳайати омӯзгорони кафедраи ҳарбии назди Донишгоҳ, ҳамчунин устодону донишҷӯён фаъолона иштирок намуданд.
Ректори Донишгоҳ таъкид кард, ки Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамчун сутуни устувори давлатдории миллӣ ва кафили амнияту суботи ҷомеа дар ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ ва оромии шаҳрвандон нақши сарнавиштсоз доранд.
Иброз гардид, ки сиёсати оқилона ва дурбинонаи Роҳбарияти олии давлат дар самти таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар имкон фароҳам овардааст, то артиши миллӣ ба неруи муосир, қудратманд ва боэътимод табдил ёбад.
Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки Донишгоҳ тарбияи ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба қонун, интизом ва омодагии хизмати содиқона ба Ватан аз вазифаҳои аввалиндараҷаи худ мешуморад.
Дар идомаи чорабинӣ дар фазои тантанавӣ ғолибони даври ниҳоии мусобиқаи варзишӣ аз намуди тирпаронӣ, ки чанде пеш ба муносибати 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни донишҷӯёни кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар барои дарёфти «Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» баргузор гардида буд, бо дипломҳо, сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ пешниҳоди иштирокдорон гардид.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон













Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад






