6 ФЕВРАЛ — РӮЗИ ДАСТКАШӢ АЗ ТЕЛЕФОНИ МОБИЛӢ. Имрӯз он ба воситаи бозӣ ё оромкунии кӯдакон табдил ёфтааст

Февраль 6, 2026 10:40

ДУШАНБЕ, 06.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 6 феврал Рӯзи дасткашӣ аз телефони мобилӣ маҳсуб мешавад.

Телефони мобилӣ воситаи маъмултарини алоқаи бесим аст, ки имрӯз дар ҳаёти ҳаррӯзаи инсон ҷойгоҳи махсус дорад. Ҳарчанд телефонҳои мобилӣ муоширатро осон мекунанд, истифодаи аз ҳад зиёди онҳо метавонад ба саломатӣ, махсусан барои кӯдакон зараровар бошад.

Дар Шветсия дар байни 3500 хонандаи 37 мактаб таҳқиқот анҷом дода шуд. Он маълум намуд, ки манъи телефонҳои мобилӣ дар мактабҳо ба саломатӣ ва рафтори хонандагон ҳатто берун аз ҳудуди мактаб низ таъсири мусбат мерасонад.

Дар Тоҷикистон барои пешгирӣ намудани зарари телефон барои хонандагон ва донишҷӯён дар қонунгузорӣ якчанд меъёри манъкунанда муқаррар карда шудааст. Аз ҷумла, дар асоси қисми 10, моддаи 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» аз 22 июли соли 2013 дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ аз тарафи хонандагон ва донишҷӯён истифодаи телефони мобилӣ манъ аст.

Имрӯз дар ҳар оила телефони мобилӣ агар аз як ҷиҳат воситаи муошират ва дастрасӣ ба иттилооту навгонӣ бошад, аз ҷиҳати дигар, он барои кӯдакони хонавода ба воситаи бозӣ ё ором намудани онҳо мубаддал гардидааст.

Тибқи тавсияи олимони соҳаи тиб, агар телефони мобилӣ воситаи омӯзиш ва иртибот бошад, истифодаи бармаҳал ва бемаҳдуди он ба саломатӣ ва рушди равонии кӯдакон таъсири манфии ҷиддӣ мерасонад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҷомеа, махсусан волидайн ва омузгорон дар бораи зарарҳои эҳтимолии он дониши кофӣ дошта бошанд.

Таъкид гардид, ки телефонҳо мавҷҳои электромагнитӣ паҳн мекунанд, ки ин метавонад ба саломатии кӯдакон таъсир расонад. Масалан, хастагии чашм- дида дӯхтани тӯлонӣ ба экран сабаби хастагӣ, заъфи биноӣ ва бемориҳои чашм мешавад. Мушкили сутунмуҳра- кӯдакон аксар вақт телефонро гирифта, дар ҳолатҳои нодуруст мешинанд, ки ин ба қобилияти дуруст рушд ёфтани қомат халал мерасонад. Инчунин истифодаи зиёди телефон метавонад ба қобилияти фикрронӣ, муносибатҳои иҷтимоӣ ва эҳсоси худшиносии кӯдакон таъсири манфӣ расонад. Муҳимтарин таъсири он камшавии таваҷҷуҳ аст- кӯдаке, ки муддати зиёд бо телефон машғул мешавад, ба муҳити атроф камтар таваҷҷуҳ мекунад.

Таъсири хавфноктари телефони мобилӣ бозиҳо ва видеоҳои зиёди он аст. Бозиҳо ва видеоҳои дорои хусусияти зӯроварӣ ва мундариҷаи номатлуб метавонанд кӯдаконро асабонӣ, хашмгин, зудранҷ ва гапнодаро гардонанд. Волидайн набояд фаромӯш созанд, ки ба муддати дароз додани телефон ба кӯдакон ба одат ва вобастагӣ табдил гардида, кӯдак дигар наметавонад ягон лаҳза бе телефон монад.

Ба андешаи коршиносон, телефон воситаи муҳими муошират ва омузиш аст, аммо агар бе назорат ва роҳнамоии дуруст истифода шавад, метавонад ба кӯдакон зиёни ҷиддӣ расонад. Барои пешгирӣ аз он волидайн вақти истифодаи телефонро бояд назорат кунанд, барномаҳои таълимӣ ва бехатарро интихоб намоянд ва кӯдаконро ба фаъолияти ҷисмонӣ, китобхонӣ ва муоширати зинда ташвиқ намоянд. Набояд фаромӯш кард, ки масъулияти тарбияи дурусти кӯдакон бар дӯши ҷомеа, мактаб ва оила мебошад. Агар фарзандон ба китобхонӣ ва варзиш машғул шаванд, мусиқиҳои ором гӯш кунанд, аз телефон камтар истифода баранд, он гоҳ фикри онҳо аз корҳои номатлуб дур шуда, ҳаматарафа солим ба воя мерасанд.

Таҳияи Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 6, 2026 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

САЙЁРАИ ЗАМИНРО БОЯД ТОЗА НИГОҲ ДОРЕМ! Эҳдо ба Рӯзи Замин
РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Наврӯз ҷашнест, ки ба ҷаҳониён фарҳанги таърихии миллати тоҷикро муаррифӣ менамояд
САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад