Ҷаласаи кории ҳайати комиссияи ҷумҳуриявии озмуни «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 20.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ҷаласаи кории ҳайати комиссияи ҷумҳуриявии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм хабар доданд.
Зимни ҷаласа муовини Сарвазири Тоҷикистон иброз намуд, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» дар доираи иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Ҳадафи он арҷгузорӣ ба мероси безаволи адабии миллат ва омӯзиши амиқи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ мебошад.
Вазири маориф ва илм иброз дошт, ки бо мақсади сари вақт иҷро намудани Амри Президенти Тоҷикистон ситоди кории Вазорати маориф ва илм таъсис дода шуда, якчанд тадбири ташкиливу методӣ амалӣ гардид. Аз ҷумла, нусхаи Низомномаи озмун ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо, раёсату шуъбаҳои маориф, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ирсол гардида, барои ташкили босифати даврҳои озмун дастуру тавсияҳои методӣ пешниҳод шуд. Ҳамзамон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ семинарҳои машваратӣ барои масъулон ва аъзои комиссия баргузор гардиданд.
Таъкид шуд, ки ҳангоми омодасозии иштирокчиён ба дарки амиқи муҳтавои «Шоҳнома» ба фарҳанги баланди қироат, риояи меъёрҳои забони адабӣ ва таҳкими ҷаҳонбинии миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Инчунин лоиҳаи рамзи озмун ва ролики таблиғотӣ таҳия гардида, барои мувофиқа ба комиссия пешниҳод шудааст.
Дар идомаи ҷаласа ҷадвали баргузории чор даври озмун барои соли 2026 мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамин тартиб, даври якум моҳи март, даври дуюм моҳи апрел, даври сеюм нимаи дуюми моҳи сентябр ва даври чорум нимаи якуми моҳи декабр баргузор мегардад.
Дар ҷаласа гуфта шуд, ки озмуни «Шоҳномахонӣ» идомаи мантиқии сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар ин замина нашр ва тақдими беш аз 1,7 миллион нусха «Шоҳнома» ба ҳар хонаводаи тоҷик иқдоми муҳими фарҳангӣ арзёбӣ гардид, ки он ба таҳкими худшиносии миллӣ ва густариши фарҳанги мутолиа мусоидат менамояд.
Озмун на танҳо воситаи кашфи истеъдодҳои нав дар бахши қироат ва суханварист, балки омили муҳимми баланд бардоштани сатҳи маънавиёт, ифтихори ватандӯстӣ ва эҳсоси худогоҳии миллӣ дар ҷомеа ба шумор меравад.
АКС: маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид






