«Амонатбонк» ба кишоварзон иқдоми қарзии «Дастгирии деҳқон» пешниҳод намудааст
ДУШАНБЕ, 27.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар остонаи фарорасии мавсими кишту кор-фасли баҳор ва Ҷашни байналмилалии Наврӯз иқдоми қарзии имтиёзноки «Дастгирии деҳқон»-ро бо фоизи паст ба муштариён- деҳқонону кишоварзони мамлакат пешниҳод намудааст.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Амонатбонк» иттилоъ медиҳад, ки ҳадафи иқдоми қарзии «Дастгирии деҳқон» мусоидат ба таъмини амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинони мамлакат ва саҳмгузорӣ дар самти рушди соҳаи кишоварзӣ мебошад.
Қарзи имтиёзнок то 500 000 сомонӣ бо пули миллӣ ба муҳлати то 36 моҳ /се сол/ пешниҳод карда мешавад. Меъёри фоизи солонаи қарзи имтиёзноки «Дастгирии деҳқон» 15 фоизро ташкил дода, муҳлати иқдоми «Дастгирии деҳқон» то 30 апрели соли 2026 идома меёбад.
Пешниҳоди чунин қарзҳои имтиёзнок дар мавсими кишту кор ба деҳқонону кишоварзони ҷумҳурӣ ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва татбиқи яке аз чор ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — таъмини амнияти озуқаворӣ мусоидат менамояд.
Бояд тазаккур дод, ки Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» сиёсати қарздиҳии худро таҷдид намуда, барои соҳаҳои афзалиятнок имтиёзҳо фароҳам оварда, меъёри фоизи қарзҳоро бо пули миллӣ аз 2 то 4 банди фоизӣ паст намудааст.
Дар айни замон пешниҳоди қарзҳои «Амонатбонк» ба мизоҷон дар доираи аз 10 то 24 фоизи солона бо пули миллӣ ва аз 7 то 12 фоизи солона бо асъори хориҷӣ муайян ва муҳлати истифодаи қарзҳо то 5 сол муқаррар карда шудааст.
Тавре Раиси Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Алиҷон Салимзода дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ иттилоъ дод, «Амонатбонк соли 2025 аз ҳисоби захираҳои дохилию хориҷӣ ба зиёда аз 60 ҳазор мизоҷ 2,5 миллиард сомонӣ маблағи қарзӣ пешниҳод намуд.
Гуфта шуд, ки 10,9 фоизи қарзҳои пешниҳоднамудаи «Амонатбонк» ба соҳаи кишоварзӣ, 49,9 фоиз ба соҳаи истеъмолӣ, 5,3 фоиз ба саноат, 4,7 фоиз ба сохтмон, 9,5 фоиз ба тиҷорат, 17,3 фоиз ба қарзҳои байнибонкӣ ва 2,4 фоиз ба дигар соҳаҳо рост меояд. Сандуқи қарзии «Амонатбонк» зиёда аз 3,7 миллиард сомонӣ ва шумораи қарзгирон аз рӯйи бақия беш аз 84 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: «Амонатбонк»








ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.4958 то 9.5400 сомонӣ муқаррар шудааст
Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Канда ба Тоҷикистон меояд
Дар Бонки миллии Тоҷикистон оид ба риояи талаботи қонунҳои миллӣ ҳамоиш доир гардид






