«АРТИШИ МИЛЛӢ-НЕРУИ ПОЯНДАИ ДАВЛАТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Бохтар ҳамоиш доир гардид

Февраль 18, 2026 14:40

ДУШАНБЕ, 18.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 16 феврал бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар бахшида ба 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Артиши миллӣ — неруи пояндаи давлат» ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон хабар доданд.

Меҳмонон бо намоиши ҷузъу томҳои қисми ҳарбӣ, бозиҳои шавқовари варзишии футболу волейбол ва шоҳмот, инчунин  толори варзишӣ, ошхона ва ҷойи хоби сарбозон шинос шуда, бо чанд сарбоз доир ба рафти хизмат дар сафи Артиши миллӣ суҳбат карданд. Ҳамчунин барои бозиҳои варзишӣ ба афсарону сарбозон туҳфаҳо, аз қабили тӯбҳои футбол ва волейбол, шоҳмоту шашка ва либосҳои варзишӣ тақдим гардиданд.

Иброз гардид, ки сарбозону афсарони шуҷои Ватан дар таъмини сулҳу субот ва ҳимояи марзу буми мамлакат  нақши созгор доранд. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҳар ҷавонмард боиси ифтихор ва шараф мебошад, зеро хизмат мактаби мардонагиву ватансозист. Хушбахтона, имрӯз бо талошҳои ҳамаҷонибаи Президенти Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми қисмҳои ҳарбӣ барои афсарону сарбозон шароити созгор таъмин мебошад.

Муовини Раиси вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода изҳор дошт, ки “сол аз сол шароит ва имконияти моддию техникӣ  дар қисмҳои ҳарбӣ беҳтар мегардад. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки Қувваҳои муссалаҳи Тоҷикистон дар  шароити бисёр мураккаби сиёсию иқтисодӣ таъсис шудаанд. Бо гузашти 33 сол сохторҳои низомии мо бо шароити муосири  техникию тактикӣ таъмин гардида, рисолати худро дар назди халқу Ватан сарбаландона иҷро менамоянд. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ қарзи ҷавонмардии ҳар фарди соҳибмеҳан мебошад”.

Зимни ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ як зумра афсарону сарбозони қисми ҳарбӣ бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон қадршиносӣ гардиданд.

Аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон барои афсарону сарбозони қисми ҳарбии Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар дастархони идона ороста шуда, бо барномаи фарҳангӣ хотири хизматчиёни ҳарбӣ шод гардонида шуд.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон

Февраль 18, 2026 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хадамоти иҷро масъалаи рақамикунонӣ ва тақвияти ҳамкории байниидоравӣ дар шароити муосир баррасӣ гардид
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ доир шуд
Форуми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак баргузор гардид
Байни Тоҷикистону Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Таҷрибаи рушди маҳал ва маорифи Тоҷикистон дар форуми Москва муаррифӣ карда шуд
Дар Душанбе 16-умин Муколамаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон доир шуд
ОГОҲӢ! Аз 27 то 29 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Ба шарафи варзишгарони тоҷик Парчами давлатии Тоҷикистон зиёда аз 850 маротиба баланд бардошта шуд
Сокинони Рашт бо парчамҳои давлатӣ ва руҳияи баланди ватандӯстӣ ба роҳпаймоӣ баромаданд
Беш аз 30 ҳазор сокинони Хуҷанд ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ба роҳпаймоӣ баромаданд
Дар Бохтар беш аз 40 ҳазор нафар ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ намуданд
ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҚАТОРИ БАЛАНДТАРИН ПАРЧАМҲОИ ҶАҲОН. Эҳдо ба Рӯзи Парчами миллӣ