Ба сокинони Ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсуми ноҳияи Рашт Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд

Февраль 18, 2026 19:00

РАШТ, 18.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 16 феврал дар Ҷамоати деҳоти Нусратуло Махсуми ноҳияи Рашт оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ вохӯрии Раиси ноҳияи Рашт Зарина Идизода бо сокинони ҷамоат  баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори  минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт  иттилоъ доданд.

Дар ҳамоиш баён гардид, ки Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими сиёсию барномавӣ самтҳои афзалиятноки рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакатро барои солҳои минбаъда муайян намуда, барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини зиндагии шоистаи мардум ва вусъати корҳои созандагию ободонӣ заминаи устувор мегузорад.

Иброз гардид, ки татбиқи босамари дастуру супоришҳои  дар ин санади муҳим гуфташуда   аз ҳар корманд, фаъолони ҷомеа ва сокинон масъулияти баланд ва саҳми назаррас талаб менамояд.        Татбиқи босамари нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ масъулияти баланди шаҳрвандӣ, ҳамкории зичи сохторҳои давлатӣ ва иштироки фаъоли аҳолиро тақозо менамояд.

Дар ҷамъомад сокинони ҷамоат омодагиашонро барои саҳмгузорӣ дар амалисозии ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ ва иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат изҳор доштанд.

Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Рашт барои таблиғу ташвиқи Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва расонидани муҳтавои  он ба аҳолӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот силсилавохӯриҳои раиси ноҳия якҷоя бо роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои давлатӣ идома дорад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт

Февраль 18, 2026 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

МАОРИФ — ОМИЛИ КАЛИДИИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶОМЕА. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Раҳмон Исломиддин: «Таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ омили асосии пойдории давлат ва рушди ҷомеа мебошад»
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуданд
Ба кормандони Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
Тақвият ва таҳкими худшиносии миллӣ талаботи замони имрӯз аст
Дар Суди Олӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ. Онҳо дар рушди неруи инсонӣ нақши муассир доранд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон — роҳнамои рушди ҷумҳурӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир
«ПАЁМ — ОМИЛИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОӢ». Таҳти ин унвон дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш доир шуд
Ба омӯзгорони ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ИЛМУ МАОРИФ — ПОЯИ ОЯНДАИ ДАВЛАТ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон