«Барномаи рушди таълиму тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардид

Февраль 28, 2026 09:00

ДУШАНБЕ, 28.02.2026. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Вазорати маориф ва илм «Барномаи рушди таълиму тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардид, ки он 27 феврал дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. То охири татбиқи ин барнома 800 муассисаи нави томактабӣ бунёд ёфта, фарогирии кӯдакони аз 3 то 6-сола бо таҳсилоти томактабӣ дар ҷумҳурӣ бояд ба зиёда аз 50% расонда шавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода изҳор намуд, ки барнома бо мақсади идома бахшидан ба раванди босуръати сохтмони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, фароҳам овардани муҳити мусоиди таълиму тарбияи кӯдакон, васеъ намудани дастрасии босифат ба ин зинаи таълиму тарбияи насли наврас ва такмили сатҳи тахассусии кадрҳои соҳа таҳия гардидааст.

«Таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилӣ баҳри таъмини рушди устувори низоми таҳсилоти томактабӣ аз ҳадафҳои дигари барномаи мазкур аст, ки татбиқи он ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи кӯдакон равона карда шудааст»,-афзуд Раҳим Саидзода.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки «Барномаи рушди таълиму тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» ва нақшаи амалигардонии он тасдиқ ва оид ба амалигардонии он ҳар сол то 1 феврал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод карда шавад.

Дар маҷлис таъкид гардид, ки муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ то деҳоти дурдаст дар ҳама ҷо бояд вуҷуд дошта бошанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 28, 2026 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид