БЕМОРИИ ЗУКОМ. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон барои пешгирии вирусҳои гуногун чӣ тадбирҳо меандешад?
ДУШАНБЕ, 04.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз тирамоҳи соли 2025 то кунун дар Тоҷикистон бемории зукоме чарх мезанад, ки оризаҳои он шабеҳи сирояти коронавирус мебошанд. Ин чӣ гуна бемории зуком аст ва оё Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муайян намудани он ягон таҳқиқот гузаронидааст? Инчунин дар Ҳиндустон хуруҷи вируси барои ҳаёти инсоният хатарноки «Нипаҳ» ба қайд гирифта шудааст. Барои пешгирии паҳншавии ин беморӣ мақомоти бархе давлатҳои Осиё назорати мусофирони аз ин давлат воридшавандаро пурзӯр кардаанд. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирии ин вирусҳо чӣ тадбир андешидааст?
Ба ин саволҳои хабарнигори АМИТ «Ховар» Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода 28 январи соли 2026 зимни нишасти матбуотӣ чунин посух дод: «Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2025 дар беморхонаҳои шаҳри Душанбе ва баъзе ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ таҳлил гузаронид. Тибқи натиҷаи таҳлилҳои мутахассисон, фоизи баланди вирус дар мамлакат ба вируси «Ҳонконг» рост омад».
Ҷамолиддин Абдуллозода афзуд, ки ин навъи вирус хусусияти зуд паҳншавӣ дошта, оризаҳои гуногун дорад. Оризаи ин навъи вирус дар нафароне, ки масунияти баданашон паст аст ва гирифтори бемориҳои музмин мебошанд, бештар мушоҳида гардид.
Шумораи гирифторони бемории зуком чанд нафар аст?
«Соли 2025 кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни кӯдакон ва калонсолон таҳлилҳо гузарониданд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар байни кӯдакон 298 ҳазору 347 нафар гирифтори бемории шадиди роҳҳои нафас мебошанд ва ин нисбат ба соли 2024 41 ҳазору 155 нафар зиёд аст. Оризаи бемориҳои шадиди роҳҳои нафас пневмония мебошад. Дар байни кӯдакон 9 ҳазору 639 бемории пневмония ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли 2024 5 ҳазору 895 ҳолат кам мебошад», — изҳор намуд Ҷамолиддин Абдуллозода.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар байни калонсолон беш аз 95 ҳазор нафар гирифторони бемории шадиди роҳҳои нафас ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли 2024 1200 нафар зиёдтар мебошад. Яке аз оризаи дигари вирус- ин бемориҳои шадиди рӯдаю меъда мебошад. Соли 2025 ба он 76 ҳазор нафар гирифтор шудаанд, ки нисбат ба соли 2024 1311 ҳолат зиёдтар аст.
Тибқи таҳлилҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳолатҳои гирифтории кӯдакон ба бемориҳои сироятӣ ва оризаҳои он камтар мебошанд. Дар байни калонсолон афзудани беморӣ ба гирифтории онҳо ба бемориҳои ҳамрадиф вобастагӣ дорад. Бемориҳои ҳамрадифи сироятӣ диабети қанд, фарбеҳӣ, саратон ва дигар бемориҳое мебошанд, ки масунияти инсонро паст мекунанд.
Ҷамолиддин Абдуллозода афзуд, ки таҳлилҳо нишон доданд, ки дар ин давра оризаҳои бемории пневмония нисбат ба соли 2024 камтар мебошанд. Яъне, соли 2025 2 ҳазору 431 беморӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2024 81 ҳолат кам мебошад.
Авҷи бемории зукоми «Ҳонконг» маротибаи аввал аст?
Тавре қаблан муовини сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров ба АМИТ «Ховар» изҳор намуда буд, «ин навъи зуком ҳамеша мавҷуд буд. Аммо солҳои пеш одамон онро сабуктар мегузарониданд. Хусусияти ин зуком он аст, ки ҳар сол таркиби генетикиашро иваз мекунад. Баъди пандемияи соли 2019 тамоми зукомҳои гурӯҳҳои «А», аз ҷумла «хук» (H1N1), «Ҳонконг» (H3N2) ва «Б» (самтҳои «Ямагата» ва «Виктория») нест шуданд. Аммо дар давлатҳои Осиё боқӣ монданд. Соли 2022 ин навъи вирусҳо бо шакл ва нишонаҳои дигар авҷ гирифтанд, ки аз солҳои 2018-2019 фарқ мекарданд».
Бо фаро расидани бемориҳои мавсимӣ ин навъи вирусҳо нишонаҳояшонро тағйир медиҳанд. Инчунин мавсимҳо дар минтақаҳо фарқ мекунанд, агар дар Осиёи Марказӣ як мавсим бошад, дар Осиёи Шарқӣ ё Ғарбӣ мавсими дигар аст, аз ин хотир зукомҳо дар шароити ба худ мувофиқ хуруҷ мекунанд.
«Нипаҳ» чӣ гуна вирус буда, чӣ нишонаҳо дорад?
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода изҳор дошт, ки дар ҷумҳурӣ вуруси «Нипаҳ» ба қайд гирифта нашудааст ва манбаи паҳншавии ин беморӣ мавҷуд нест. Ба таъкиди олимони рус, ин бемори зоонозӣ буда, аз ҳайвон ба одам мегузарад.
«Як омили дигари сироятёбӣ аз ин беморӣ кӯршапаракҳои тропикӣ мебошанд. Инчунин мевагиҳои тропикӣ низ сабаби пайдоиши ин вирус шуда метавонанд. Яъне, агар мо он мевагиҳои тропикиеро, ки ба онҳо луоби даҳони кӯршапаракҳо расида бошаду бе риояи қоидаҳои беҳдоштӣ истеъмол намоем, беморӣ метавонад ба одам гузарад», — гуфт Ҷамолиддин Абдуллозода.
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ин вирусро дар баробари COVID-19 ва вируси Зика ба даҳгонаи бемориҳои аз ҳама хатарнок дохил кардааст. Ба иттилои расонаҳои хориҷӣ, дар Ҳиндустон бори сеюм аст, ки ин навъи вирус авҷ мегирад. Аз ҳама бештар он дар Бангладеш ба қайд гирифта шудааст. Сатҳи марг дар гирифторони ин вирус аз 40 то 75 дарсад гуфта мешавад, ки хеле бештар аз COVID-19 аст. Ин вирус аз моҳи январи соли 2026 дар Ҳиндустон авҷ гирифтааст.
Ба таҳлили коршиносон, аввалин хуруҷи сабтшудаи вируси «Нипаҳ» соли 1998 дар фермаҳои хукпарварии Малайзия рух дод ва баъдан дар Сингапури ҳамсоя паҳн гардид. Номи вирус аз номи деҳае гирифта шудааст, ки дар он бори аввал ошкор шуд. Дар натиҷаи хуруҷи аввал беш аз 100 нафар ҷон бохтанд ва барои маҳдуд кардани паҳншавии вирус тақрибан як миллион хук нобуд карда шуд. Ин вирус ҳамчунин ба соҳаи чорводорӣ ва фермерон зарари ҷиддии иқтисодӣ расонд. Дар Ҳиндустон хуруҷи беморӣ солҳои 2001 ва 2007 дар иёлати Банголаи Ғарбӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Дар Тоҷикистон барои пешгирии сирояти «Нипаҳ» чӣ тадбир меандешанд?
Ба таъкиди Ҷамолиддин Абдуллозода, дар Федератсияи Русия, Узбекистон, Қазоқистон ва дигар давлатҳои ҳамсояи мо ин навъи беморӣ ба қайд гирифта нашудааст. Аммо имкони таъсири он низ мавҷуд аст, зеро одамон тавассути роҳҳои ҳавоӣ аз ин давлат ба дигар мамлакатҳо рафтуо мекунанд. Аз ҷумла, дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон аз 1500 то 2000 донишҷӯ аз Ҳиндустон таҳсил мекунанд. Инчунин беш аз 12 нафар аз Тоҷикистон дар Ҳиндустон таҳсил мекунанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии сирояти вируси «Нипаҳ» дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе ҳароратсанҷҳои фосилавӣ гузоштааст. Мутахассисони соҳаи тандурустӣ нафарони воридшударо аз муоинаи тиббӣ мегузаронанд. Нишонаҳои ин беморӣ ҳарорати баланд, қайкунӣ, бемадорӣ ва гулӯдард мебошанд. Дар ҳолати ошкор шудани ин зуком шахси бемор дар алоҳидагӣ муоина ва табобат карда мешавад.
Гуфта шуд, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкорӣ бо Роспотребнадзори Федератсияи Русия дар ҳолати сар задани ин беморӣ дар Тоҷикистон тестҳоро ворид менамояд.
Зукомро бояд чӣ гуна пешгирӣ ва муолиҷа кард?
Дар мавриди табобати ин беморӣ муовини сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров тавсия медиҳад, ки шахси бемор бояд чаҳор рӯз дар хона бистарӣ карда шавад. Инчунин бештар обу чой ё моеъи гарм, лимӯ ва хӯрокҳои сабук истеъмол намояд.
Тавсия дода мешавад, ки ҳамарӯза болои ашёи рӯзгорро бояд бо маводи безараркунӣ ва матоъҳои намнок коркард кард. Масъалаи дигар — баланд бардоштани масунияти бадан ва обутоби бадан мебошад. Истеъмоли хӯроки серғизои аз витаминҳо бой ва афшураи лимӯро низ набояд фаромӯш кард. Қоидаҳои беҳдоштӣ, яъне шустани даст ва худдорӣ аз ҷойҳои серодамро низ бояд ҳатман риоя намуд.
Ҳангоми ба зуком мубтало шудан бояд, пеш аз ҳама, бо мутахассисони соҳа ва духтурони оилавӣ машварат кард. Ҳеҷ гоҳ бо тавсияи нафари дигар набояд дору истеъмол кунед. Имрӯз доруҳои гуногун зиёд шудаанду ҳар кадоми он интихоби фардӣ дорад. Агар як нафар бо як навъи дору сиҳат шавад, ба нафари дигар он, баръакс, таъсири манфӣ мерасонад. Ба нафарони бемор тавсия дода мешавад, ки пеш аз ҳама, бистарӣ бошанд. Нишонаҳои зуком дар се рӯз равшан мешаванд. Ҳангоми бистарӣ нагаштан беморӣ шадидтар гузашта, метавонад боиси илтиҳоби шуш гардад. Бемор беҳтараш бистарӣ гашта, духтурро ба хона даъват кунад, то омили паҳншавии беморӣ нагардад. Дар ин ҳолат 1 фоизи муайяни эҳтимоли паҳн шудани сироят аз байн меравад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон низоми нави омодасозии кадрҳои илмӣ — постдокторантура амалӣ мегардад
Портали маълумоти системаи идоракунии таҳсилоти касбӣ фаъол карда шуд
Тақвият ва таҳкими худшиносии миллӣ талаботи замони имрӯз аст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 беш аз 14 000 нафар соҳиби касб шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 70 ҳазор ҷойи кори доимӣ таъсис дода шуд
ИНТИХОБИ МАН — МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ. Дастоварду норасоиҳои соҳаи дорусозӣ кадомҳоянд?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Беш аз 7 миллион нафар аҳолии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин аст
Дар Тоҷикистон то 5 феврал ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
2 феврал – Рӯзи ҷаҳонии заминҳои обию ботлоқӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 шумораи қонуншиканиҳо дар самти танзими ҷашну маросим коҳиш ёфт
1050-СОЛАГИИ РОБИАИ БАЛХӢ. Мавзуи асосии сурудаҳои ӯ ишқу муҳаббати инсонӣ, тасвири табиат ва зебоиҳои он мебошанд
Комиссияи Аврупо талаботро барои интиқолдиҳандагони хориҷӣ сахттар намуд






