Дар Анқара аҳамияти афзоиши гардиши мол ва ҷалби сармоя байни Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 20.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Содиқ Имомӣ бо мушовири Президенти Ҷумҳурии Туркия оид ба сиёсати хориҷӣ Чағрӣ Эрҳан мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо аз сатҳи баланди муносибатҳои ду мамлакат изҳори қаноатмандӣ намуда, барои тавсеаи ҳамкорӣ дар марҳалаи нави рушд изҳори омодагӣ карданд.
Меҳвари асосии дидорро таҳкими робитаҳои гуногунҷанба дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва сайёҳӣ ташкил намуд. Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои амалӣ намудани нақшаҳои муштарак фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ ва гурӯҳҳои кории байнисоҳавиро тавсеа дода, табодули таҷриба ва барномаҳои таълимиву фарҳангиро густариш диҳанд.
Ҳамзамон тавсеаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ҳамчун самти афзалиятнок арзёбӣ гардид. Ҷонибҳо аҳамияти афзоиши гардиши мол ва ҷалби сармояро баррасӣ намуда, таъкид карданд, ки истифодаи иқтидори мавҷудаи иқтисодӣ метавонад ба манфиати ҳарду мамлакат хизмат кунад.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия








Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Ленингради Русия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Русия бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқот намуд
Дар Женева дурнамо ва рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори Санкт – Петербург мулоқот намуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид
Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
Дар Қоҳира ҳамкорӣ байни ширкатҳои Тоҷикистону Миср баррасӣ гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои узви СҲШ доир мегардад
Сафири Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Бонки марказии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд






