Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
ДАНҒАРА, 16.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 14 феврал бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар майдони Парчами давлатӣ даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ-варзишии «Ватанпарвар» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара иттилоъ доданд.
Дар Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ-варзишии «Ватанпарвар» 45 даста аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок намуданд. Тибқи талаботи низомномаи озмун 3 даста ба даври вилоятӣ роҳхат дода шуд.
Дар озмун ҷойи якум насиби хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 60, ҷойи дуюм насиби хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14 ва ҷойи сеюм насиби хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20 гардид.
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ-варзишии «Ватанпарвар» бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара








Дар Рашт Маркази омӯзиши даврҳои кӯтоҳмуддати дӯзандагӣ ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия аз соли 2027 бояд кадом талаботи нави қонунгузориро риоя намоянд?
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Лаҳистон баргузор гардид
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ Рӯзи дарҳои кушод баргузор шуд
«ТАҲКИМБАХШИ ИСТИҚЛОЛИ ВАТАН». Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии таъсиси ҲХДТ озмун доир мегардад
Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон намоиши «Рустам ва Деви сафед»-ро пешкаши тамошобинон мегардонад
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид






