Дар Давлати Қатар Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешаванд
ДУШАНБЕ, 06.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 6 то 13 феврал Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Давлати Қатар баргузор мегарданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон аз ҷониби ҳайати эҷодӣ барномаи консертӣ, намоиши мусаввараҳо, аксҳо ва ҳунарҳои мардумӣ дар назар аст.
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар бо мақсади шиносоии мардуми Қатар бо ҳунару фарҳанги Тоҷикистон баргузор шуда, барои таҳкими робитаҳо ва табодули фарҳангӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон бо Давлати Қатар 13 декабри соли 1994 робитаҳои дипломатиро оғоз намуда, то имрӯз марҳалаҳои гуногуни рушди дуҷонибаро тай намудаанд. Сафорати Давлати Қатар дар шаҳри Душанбе моҳи ноябри соли 2012 ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Давҳа моҳи майи соли 2013 ифтитоҳ гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2021 зимни суҳбат бо рӯзноманигорони қатарӣ, ки муҳтавои он дар рӯзномаи «Аш-Шарқ»-и Давлати Қатар ба чоп расид, доир ба таҳкими муносибати ду давлат бо қаноатмандӣ чунин иброз намуданд: «Мо аз сатҳу муҳтавои робитаҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Қатар, ки бар пояи арзишҳои муштараки тамаддунии таърихӣ ва усули бародарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми манфиатҳои судманд асос ёфтаанд, изҳори қаноатмандӣ менамоем. Бо саъю талошҳои муштарак то имрӯз механизми ҳамкории тарафайн ва заминаи ҳуқуқии онҳо ташаккул ёфтааст».
АКС: АМИТ «Ховар»








Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид






