Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 18.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 17 феврал дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид.
Тавре аз Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар озмун донишҷӯён ва омӯзгорон фаъолона иштирок намуданд. Дар донишгоҳ барои омодагии довталабон барои озмун тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Китобхонаи анъанавӣ ва электронӣ пайваста ба донишҷӯён хизмат расонида, онҳо бо адабиёти зарурӣ пурра таъмин мебошанд.
Иброз гардид, ки озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ ва дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон гузаронида мешавад.
Таъкид шуд, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз ҷумлаи ташаббусҳои муҳими маърифатпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор рафта, барои таҳкими дониш, густариши ҷаҳонбинии илмӣ ва рушди устувори мамлакат шароити мусоид фароҳам меорад.
Ёдовар мешавем, ки дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Тоҷикистон барои баргузор гардидани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 8 миллиону 290 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад.
Соли 2025 барои баргузорӣ ва қадршиносии ғолибони озмун 6 миллиону 670 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида буд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соли ҳаштум аст, ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва тақвияти ҷаҳони маънавӣ дар байни аҳолии мамлакат баргузор мегардад.
Тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2026 озмун байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, омӯзгорони ҳама зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмию эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакат гузаронида мешавад.
АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав








Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд






