Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 13.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 11 феврал дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб (14 феврал) таҳти унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҳамоиши илмӣ доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба донишгоҳ.
Ҳамоиш бо ҳадафи баланд бардоштани фарҳанги китобхонӣ, ҷалби ҷавонон ба мутолиа ва ҳавасмандсозии ҷомеа барои эҳдои китоб ба донишҷӯён гузаронида шуда, гӯшаи «Асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» ифтитоҳ ёфт. Дар он ташаббусҳо ва ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди китобдорӣ, боло бурдани мақоми китоб ва тақвияти маънавиёти ҷомеа таъкид гардид.
Иброз гардид, ки китоб сарчашмаи асосии дониш буда, инсон бе мутолиаи пайваста ба ҳеҷ марому мақоми шоиста расида наметавонад. Солҳои охир иқдоми созандаи Роҳбари давлат, аз ҷумла туҳфа гардидани асарҳои арзишманди «Тоҷикон» ва «Шоҳнома» ба ҳар хонаводаи ҷумҳурӣ гувоҳи таваҷҷуҳи хосса ба китоб ва фарҳанги мутолиа мебошад.
Дар ҳамоиш дар мавзуъҳои «Китоб-манбаи кушоиши ҳама мушкилот», «Китоб — беҳтарин дӯсти беминнат» ва «Китобро ҳофизаи башарият хондаанд» маърузаҳо пешниҳод гардиданд. Таъкид шуд, ки ҳадяи китоб на танҳо туҳфаи маънавӣ, балки воситаи муҳиме барои рушди тафаккур, густариши ҷаҳонбинӣ ва баланд бардоштани савияи фарҳанг аст. Ин рӯз ҳама дӯстдорони китобро муттаҳид менамояд, муҳаббат ба мутолиаро ташаккул медиҳад, китобхонаҳоро ғанӣ месозад ва нишон медиҳад, ки китоб ҳатто дар асри рақамӣ низ ҳамчун беҳтарин туҳфа арзиши худро ҳифз кардааст.
Анъанаи эҳдои китоб ва ғанигардонии китобхонаҳо дар фарҳанги тоҷикон решаи амиқ дорад. Дар давраҳои гуногуни таърихӣ- аз Мовароуннаҳру Хуросон то марказҳои бузурги илмӣ, китобхонаҳо на танҳо ба донишмандону мансабдорони замон, балки ба аҳли камбизоат ва тамоми қишрҳои ҷомеа дастрас буданд. Ин анъана имрӯз низ идома ёфта, қисме аз худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба маърифат ба шумор меравад. Китоб боиси пайваст кардани наслҳо, нигоҳ доштани хотираи таърихӣ ва муҳофизати арзишҳои милливу умумибашарӣ мегардад.
Иштирокдорон зарурати рушди китобхонӣ байни ҷавонон, истифодаи васеи китобхонаҳои электронӣ, тарбияи фарҳанги мутолиа дар оила ва таъсиси китобхона дар донишгоҳро таъкид намуданд.
Дар анҷоми чорабинӣ ба донишҷӯёни фаъоле, ки пайваста дар олимпиадаҳо, озмунҳои илмӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ иштирок менамоянд, китоб туҳфа карда шуд.
АКС: Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон








Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд






