Дар Душанбе дар нуҳ сол беш аз 54 мактаб ва 42 муассисаи томактабӣ сохта шудааст
ДУШАНБЕ, 16.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе давоми нуҳ соли охир беш аз 54 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 94,2 ҳазор хонанда дар ду баст сохта, ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.
Инчунин дар ин давра 42 муассисаи томактабӣ барои беш аз 8,5 ҳазор тарбиятгиранда сохта шуда, шароити мусоиди таҳсил ва кор фароҳам оварда шуд.
Барои рушди ҳамаҷонибаи соҳаи маориф, ки яке аз бахшҳои асосии фаъолияти мақомоти шаҳр ва омили асосии омодасозии захираҳои инсонӣ ба ҳисоб меравад, пайваста чораҳои муассир амалӣ гардонида мешаванд.
Дар шаҳри Душанбе 178 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, аз ин теъдод 96 муассисаи таҳсилоти томактабии буҷетӣ, 72 муассисаи томактабии хусусӣ ва 10 муассисаи томактабии назди корхонаю ташкилот бо фарогирии 36 ҳазору 613 тарбиятгиранда ва 2153 нафар мураббия фаъолият доранд.
Дар баробари ин 208 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, аз ҷумла 7 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 20 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 179 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (бо назардошти мактабҳои типпи нав ва махсус), 1 муассисаи таҳсилоти ғоибона ва 1 муассисаи махсуси душвортарбия фаъолият менамоянд. Аз ин теъдод 172 муассиса таълимии давлатӣ ва 36 муассиса таълимии ғайридавлатӣ ба ҳисоб рафта, дар маҷмуъ бо фарогирии 320 ҳазору 712 хонанда фаъолият менамоянд. Аз ин шумора 168 ҳазору 968 нафарро духтарон ташкил медиҳанд.
Дар айни замон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе 12 ҳазору 852 омӯзгор фаъолият доранд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 535 нафар зиёд мебошад.
Бояд иброз намуд, ки бунёди муассисаҳои таълимии замонавӣ маҳз ба беҳтар шудани сатҳу сифати таълиму тарбия дар мамлакат нигаронида шуда, баистифодадиҳии онҳо то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ марҳила ба марҳила дар назар аст. Насли навраси имрӯза бояд аз чунин имконоти мусоиди фароҳамсохтаи давлат ва Ҳукумати мамлакат самаранок истифода бурда, барои боз ҳам беҳтар азбар намудани донишҳои муосир ҳамаҷониба кӯшиш намояд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид






