Дар Лондон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Британияи Кабир доир шуд
ДУШАНБЕ, 27.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 26 феврал дар шаҳри Лондон нахустин нишасти вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Британияи Кабир дар қолаби «С5+1» баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати мамлакат таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни нишаст ҷонибҳо масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ намуда, доир ба густариши ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ, ҷалби сармоя, таҳкими робитаҳо дар соҳаи амният ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак мубодилаи афкор анҷом доданд.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки ҳамкории Тоҷикистону Британияи Кабир солҳои охир дар соҳаҳои иқтисод, сармоягузорӣ, саноат, маориф ва илм тамоюли мусбат касб намудааст. Таъкид гардид, ки баргузории нишаст бозгӯи иродаи қавии кишварҳои минтақа барои таҳкими шарикии созанда бо Британияи Кабир ва таъмини рушди устувор дар Осиёи Марказӣ мебошад.
Ҳамзамон аҳамияти талошҳо дар самти пешгирии пайомадҳои тағйирёбии иқлим, пешбурди ташаббусҳои обу иқлим ва муколамаи байнифарҳангӣ таъкид гардид.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сафири Тоҷикистон бо роҳбари ширкати аморотии Tahaluf AI мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 6-уми Форуми раисони шаҳрҳои Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати LANXESS Олмон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси иҷроии Муассисаи ташаббуси сармоягузории оянда мулоқот намуд
Дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Австрия машваратҳои сиёсӣ баргузор намуданд
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо роҳбарияти хабаргузории KUNA ҳамкории иттилоотиро баррасӣ кард
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти «Caspian Energy Club» мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ гардид
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатӣ дар умури шаҳрдорӣ ва вазири давлатӣ дар умури маскани Кувайт мулоқот намуд






