Дар Суди Олӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ДУШАНБЕ, 02.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Суди Олӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Суди Олӣ хабар доданд.
Иброз гардид, ки Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ самтҳои муҳимтарини сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатро дар бар гирифта, идомаи мантиқии сиёсати созанда ва дурнамои рушди устувори мамлакат ба ҳисоб меравад.
Таъкид шуд, ки зимни пешниҳоди ин санади муҳим масъалаҳои калидии ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла рушди иқтисоди миллӣ, таъмини амнияти иҷтимоӣ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, рушди маорифу тандурустӣ ва боло бурдани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
«Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими сиёсӣ дар амалияи идоракунии давлатӣ мавқеи хосса дошта, далели ҳамоҳангӣ ва тавозуни фаъолияти шохаҳои ҳокимияти давлатӣ мебошад. Он ҳамчун стратегияи миёнамуҳлати рушд самтҳои асосии фаъолияти соҳавии давлатро муайян менамояд», – баён гардид дар ҳамоиш.
Тазаккур дода шуд, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ ба таҳкими пояҳои ахлоқии ҷомеа, ташаккули худшиносии миллӣ, гиромидошти арзишҳои фарҳангию миллӣ ва пешгирии таъсири унсурҳои бегона таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Дар ҷараёни ҳамоиш инчунин масъалаи таъмини амнияти миллӣ ҳамчун яке аз самтҳои меҳварии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Иброз гардид, ки амнияти миллӣ омили асосии ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори давлат маҳсуб мешавад.
Таъкид шуд, ки татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ имкон медиҳад, ки соли 2026 ба марҳилаи нави амалисозии ормонҳои миллӣ, густариши корҳои ободонӣ ва таҳкими худшиносии мардум табдил ёфта, ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо дастовардҳои шоиста истиқбол карда шавад.
АКС: Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Восеъ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир гардид
Ба сокинони Ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсуми ноҳияи Рашт Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
МАОРИФ — ОМИЛИ КАЛИДИИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶОМЕА. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Раҳмон Исломиддин: «Таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ омили асосии пойдории давлат ва рушди ҷомеа мебошад»
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуданд
Ба кормандони Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ. Онҳо дар рушди неруи инсонӣ нақши муассир доранд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон — роҳнамои рушди ҷумҳурӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир
«ПАЁМ — ОМИЛИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОӢ». Таҳти ин унвон дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш доир шуд
Ба омӯзгорони ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд






