Дар Тоҷикистон ҳавои рӯзи аввали моҳи март бебориш пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 27.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон ҳавои 1 март бебориш пешгӯӣ шуда, ҳарорати ҳаво аз 12 то 26 дараҷа мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Аз 27 феврал то 2 март дар минтақаҳои тармафарои шоҳроҳи нақлиётгарди Душанбе – Чанок (километрҳои 48–74 ва 78-81), бахусус минтақаҳои тармафарои Майхура, Зидеҳи ноҳияи Варзоб, ҳамзамон дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаромадани тарма аз эҳтимол дур нест.
Дар вилояти Хатлон аз 28 феврал то 1 март ҳавои бебориш пешгӯӣ шуда, 2-3 март дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 ва 2 март дар баъзе ноҳияҳо то 12-17 метр дар як сония мевазад. Чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 21+26 дараҷа гарм ва 2-3 март ҳарорат паст шуда, то 12+17 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 12+17 дараҷа гарм ва 2-3 март ҳарорати ҳаво паст шуда, то 8+13 дараҷа гармӣ дар назар аст.
Дар вилояти Суғд аз 28 феврал то 1 март ҳавои бебориш пешгӯӣ шуда, 2-3 март дар баъзе ноҳияҳои водигӣ борон меборад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10, дар баъзе ноҳияҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 9+14 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.
Аз 28 феврал то 1 март дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои бебориш пешгӯӣ шуда, 2-3 март дар баъзе ноҳияҳои водигӣ борон меборад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10, 2 март дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 18+23 дараҷа гарм ва 2-3 март ҳарорати ҳаво паст шуда, то 12+17 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 28 феврал то 1 март ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад. 2-3 март дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят бориши борон ва барф дар назар аст. Дар шарқи вилоят ҳавои бебориш дар назар буда, танҳо 3 март дар баъзе минтақаҳо барф меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10, дар баъзе ноҳияҳо то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 4+9 дараҷа гарм ва дар шарқи вилоят шабона 12-17 дараҷа хунук, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад






