Дар Тоҷикистон беш аз 29 ҳазор тонна равғани растанӣ истеҳсол шудааст
ДУШАНБЕ, 21.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 дар Тоҷикистон 29 ҳазору 261,9 тонна равғани растанӣ истеҳсол гардид, ки ба 112 фоизи нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2024 баробар мебошад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Мутобиқи ҷадвали маҷмуи ҳадди ақалли маҳсулоти ғизоӣ, меъёри равғани растанӣ ба ҳар сари аҳолӣ 13,68 килограмм дар як сол муайян карда шудааст. Таъмини аҳолӣ бо истеҳсолоти ватанӣ яке аз масъалаҳои муҳими Ҳукумати мамлакат мебошад. Имрӯз аз ҳисоби маҳсулоти равғандиҳанда танҳо аз 28 то 30 фоизи аҳолӣ бо равғани истеҳсоли ватанӣ таъмин асту халос.
Дар Тоҷикистон барои коркарди зироати равғандиҳанда ва истеҳсоли равғани растанӣ аз давлатҳои хориҷӣ технологияҳои муосир ворид гардидааст. Барои таъмини саноат бо маҳсулоти хом истеҳсоли зироати равғандиҳанда бояд бештар карда шавад.
Тавре аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, соли 2026 кишоварзони мамлакат дар 26 062 гектар зироати равғандиҳанда кишт менамоянд. Аз ин шумора зироати равғандиҳанда дар 8145 гектар замини обёришуда ва дар 17 917 гектар замини лалмӣ кишт карда мешавад.
Дар мамлакат панҷ намуди зироати равғандиҳанда кишт ва парвариш карда мешавад, аз ҷумла зағир, офтобпараст, кунҷит, чормағзи заминӣ ва маъсар, ки дар таркиби донашон аз 30 то 60 фоиз равған доранд.
Аз ин рӯ олимони соҳаи кишоварзӣ нақша доранд, ки минбаъд бо истифода аз тухмиҳои хушсифат ва технологияи муосир то 70 фоизи аҳолиро бо равған таъмин намоянд. Кишти ин зироат аз оғози моҳи май дар заминҳои обӣ гузаронида мешавад. Дар минтақаи вилояти Хатлон кишти ин зироатро аз моҳи апрел то июн, дар минтақаи Ҳисор ва минтақаи Суғд аз 1 то 20 май гузаронидан мумкин аст.
Истифодаи оқилона ва самараноки заминҳои корами обёришаванда ва лалмии мамлакат манбаъҳои асосии истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ ба шумор меравад. Парвариш ва истеҳсоли зироати равғандиҳандаи зағир, маъсар, офтобпараст, чормағзи заминӣ ва кунҷид аз ҷиҳати иқтисодӣ фоидаовар буда, аҳолии мамлакатро бо равғани растании истеъмолии ватанӣ ва чорворо бо маводи ғизоӣ, аз ҷумла кунҷораи серғизо таъмин менамояд.
Таҳқиқоти илман асосноки Институти зироаткорӣ ва Маркази миллии захираҳои генетикии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ҳангоми парвариши навъҳои серҳосил, дорои равғаннокии зиёд дар таркиби дон ва риояи қоидаҳои агротехнологӣ гирифтани ҳосили фаровон имконпазир буда, он барои аҳолӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ манфиатнок мебошад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе ҷараёни корҳои пешакии лоиҳаи сохтмони метро дар пойтахт муҳокима гардид
Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамкориро бо Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ густариш медиҳад
Дар Тоҷикистон Маркази ҳамоҳангсозии амнияти киберӣ барои бахши энергетика ва Низоми миллии иттилоотии бахши энергетикаи Тоҷикистон таъсис дода мешавад
Дурнамои ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Қатар дар соҳаи саноат баррасӣ гардид
Соли 2027 Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии боғдории Ҷопон иштирок мекунад
«Барномаи рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла барои солҳои 2026–2030» панҷ самтро фаро мегирад
Байни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Вазорати иқтисод ва молияи Узбекистон Нақшаи ҳамкорӣ барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
Раиси Бонки миллӣ дар Форуми байналмилалии «Monetary Policy Dialogue – 2026» иштирок намуд
Татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ ба рушди хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мусоидат мекунад
Дар Тоҷикистон беш аз 46 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт карда шудааст
Шурои Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ марҳилаи дуюми маблағгузории грантии НБО «Роғун»-ро тасдиқ намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи машваратии электорати Гурӯҳи кишварии узви Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор иштирок намуд






