«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
ДУШАНБЕ, 04.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои ба «шаҳри гулрез» ва «шаҳри сабз» табдил додани пойтахт ва сабзу хуррам гардонидани он дар ноҳияи Сино зиёда аз 175 ҳазору 366 бех дарахтони сояафкан, ороишӣ, буттагӣ ва мевадиҳанда шинонида шуданд. Чунин хабар дод имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси ноҳияи Сино Умед Гуреззода.
Иттилоъ дода шуд, ки илова бар ин то ин ҷониб дар ҳудуди ноҳия 2 миллиону 620 ҳазору 234 дона гулҳои мавсимӣ, бисёрсола ва лола шинонида шуданд.
«Аз ҷониби «Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳо»-и ноҳия дар ин давра 22 ҳазору 932 бех ниҳолҳои гуногун шинонида шуданд. Аз ин шумора дарахтони сояафкан 1065 бех, дарахтони ороишӣ 19607 14 бех ва буттагӣ 2260 бехро ташкил медиҳанд, ки ин нишондиҳанда 5 баробари иҷрои нақшаро ташкил медиҳад. Ҳамзамон дар ин давра шинонидани 50 ҳазор дона гулҳои бисёрсола ба нақша гирифта шуда, 140 ҳазору 970 дона шинонида шуд, ки 2,8 баробар аз нақша зиёд мебошад», — афзуд Умед Гуреззода.
Дар идомаи нишасти матбуотӣ иброз гардид, ки дар ин давра шинонидани 320 ҳазор дона гулҳои лола ба нақша гирифта шуда, 470 ҳазор дона гул шинонида шуд. Ин нишондиҳанда 146,8 дарсади иҷрои нақшаро ташкил медиҳад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд






