Хонандаи тоҷик «Ҷоми Раёсати Донишгоҳи славянии Русияю Тоҷикистон»-ро соҳиб гардид
ДУШАНБЕ, 03.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Хонандаи синфи 11-и Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Душанбе Сино Шаропов ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии зеҳнӣ барои дарёфти «Ҷоми Раёсати Донишгоҳи славянии Русияю Тоҷикистон» гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад.
Озмуни ҷумҳуриявии зеҳнӣ барои хонандагони муассисаҳои таълимӣ барои дарёфти «Ҷоми Раёсати Донишгоҳи славянии Русияю Тоҷикистон» бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дарёфт ва дастгирии хатмкунандагони болаёқат, рушди иқтидори зеҳнӣ ва эҷодии онҳо, инчунин мусоидат ба интихоби бошууронаи касб баргузор гардид.
Иштирок ва пирӯзии хонандагон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ яке аз дастовардҳои соҳаи маоиф ба шумор меравад. Бо дастгирии пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои омодасозии хонандагон ба олимпиадаҳои сатҳи миллию байналмилалӣ ва ҳавасмандсозии омӯзгорони пешсаф тадбирҳои муҳим амалӣ мегарданд.
АКС: Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе








Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид






