Имрӯз дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Бонки «Амонатбонк» ва Хадамоти иҷро нишасти матбуотӣ баргузор мегардад

Февраль 10, 2026 07:00

ДУШАНБЕ, 10.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологии «Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи шаҳри Москва» дар шаҳри Душанбе ва филиали Донишкадаи энергетии Москва дар шаҳри Душанбе оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.

Дар Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» нишасти матбуотӣ соати 08:00 баргузор мегардад.

Нишасти матбуотӣ дар Хадамоти иҷро соати 09:00 доир мегардад.

Дар Суди Олии иқтисодӣ нишасти матбуоти соати 11:00 баргузор карда мешавад.

Нишасти матбуотӣ дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ соати 14:00 доир мегардад.

Дар Донишгоҳи миллии тадқиқотии технологии «Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи шаҳри Москва» нишастҳои матбуотӣ соати 09:00 ва дар филиали Донишкадаи энергетикии Москва соати 10:00 доир мегарданд.

Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа менамоянд.

Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04, 946-04-00-00.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.

Февраль 10, 2026 07:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» ва ССКА Душанбе созишномаи ҳамкориро тамдид намуданд
Ajoyib.TV: шабакаҳои телевизионӣ ва онлайн-кинотеатрҳо дар як хизматрасонӣ
ЛИБОСИ МИЛЛӢ — ОИНАИ ФАРҲАНГ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе либосҳои тоҷикиро тарғиб менамоянд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
БАҲОРИ ГУЛРЕЗИ ТОҶИКИСТОН. Барои кишоварзон мавсими кишту кор фаро расид
НУҚТАИ НАЗАР. Ва ё нонреза ҳам нон аст
Дар шаҳри Кӯлоб 28 мавзеи осебпазир муайян гардидааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ идома доранд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад