Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад
ДУШАНБЕ, 28.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Даври якуми озмун аз 11 то 28 феврал дар ҳама муассисаҳои таълимӣ, корхонаву муассисаҳои гуногуни давлатию ғайридавлатӣ баргузор гардид.
Тавре корманди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалолиддин Амиров иброз намуд, соли 2025 дар даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 352 ҳазору 42 нафар иштирок намуданд, ки нисбат ба соли 2024 теъдоди иштирокчиён дар даври якум 100 ҳазору 776 нафар зиёд буд.
«Рафти озмуни имсола нишон медиҳад, ки теъдоди иштирокчиён ва китобхонон бештар гардидаааст. Барои ҳавасманд намудани довталабон, махсусан хонандагон ба теъдоди китобҳои хондаашон нигоҳ накарда, ба онҳо барои иштирок дар даври якуми озмун иҷозат дода мешавад. Ин раванд имконият медиҳад, ки шавқу ҳаваси китобхонӣ дар байни хонандагон бештар гардида, хонандагон барои дарки масъулиятшиносӣ ва рӯ овардан ба китоб таҳрик дода шаванд», -афзуд ҳамсуҳбати мо.
Ҷалолиддин Амиров ҳамзамон иттилоъ дод, ки бо мақсади шаффоф гузаронидани озмун дар қисмати даври аввали он намояндагони Вазорати маориф ва илм дар чанд муассисаи таълимии шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон иштирок намуда, бо аъзои комиссияҳои муассисаҳои таълимӣ ва ноҳиявӣ барои дар доираи талаботи Низомнома баргузор гардидани озмун суҳбату нишастҳо намуданд.
Иброз гардид, ки дар моҳи феврал нисбат ба баргузории озмун аз тариқи воситаҳои ахбори омма, махсусан телевизион ва радиои ҷумҳурӣ чор барномаи махсус ташкил шуда, тарзи баргузории озмун ва дигар масъалаҳои марбут ба он аз ҷониби мутахассисони Вазорати маориф ва илм шарҳ дода шуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 январи соли 2026 Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» қабул гардид. Маблағҳои соли 2026 барои озмун ҷудошуда 8 миллиону 290 ҳазор сомониро ташкил медиҳанд. Маблағи имсол аз фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудошуда нисбат ба соли 2025 (6 миллиону 670 ҳазор) 1 миллиону 620 ҳазор сомонӣ зиёдтар аст.
Озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун, дигар табақаҳои аҳолӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ доир мегардад.
Озмун аз рӯйи чор номинатсия баргузор мешавад:
— адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ;
— адабиёти классикии тоҷик;
— адабиёти муосири тоҷик;
— адабиёти ҷаҳон.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид






