Имрӯз қисми ниҳоии Ҷоми ФФТ-2026 оид ба футбол оғоз мегардад

Февраль 10, 2026 10:20

ДУШАНБЕ, 10.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 10 феврал дар шаҳри Душанбе қисми ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 оид ба футбол оғоз мешавад, ки маблағи умумии ҷоизаҳои он 100 000 сомониро ташкил медиҳад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, пеш аз оғози марҳилаи ҳалкунандаи мусобиқа 9 феврал маросими қуръакашии ҷадвали бозиҳо баргузор шуд.

Қисми ниҳоии Ҷоми ФФТ-2026 аз 10 то 20 феврал бо иштироки ҳашт даста доир мешавад. Бозиҳо дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии Душанбе ва инчунин дар майдони сунъии варзишгоҳи КМВА баргузор мегарданд.

Ба гурӯҳи «А» дастаҳои зерин дохил шуданд:

  • «Барқчӣ» (Ҳисор)
  • «Ҳулбук» (Восеъ)
  • «Рангон» (Рӯдакӣ)
  • «Истаравшан» (Истаравшан)

 Дар гурӯҳи «Б» тимҳои зерин баромад мекунанд:

  • «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)
  • «Ҳосилот» (Фархор)
  • «Парвоз» (Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд)
  •  «Сардор» (Турсунзода)

Мувофиқи низомномаи мусобиқа,  ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба даври нимниҳоӣ роҳ меёбанд. Финали Ҷоми ФФТ-2026  20 феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад.

Фонди ҷоизавии мусобиқа 100 000 сомонӣ аст. Ба ғолиб 50 000 сомонӣ, ба барандаи медали нуқра 30 000 сомонӣ ва ба соҳибони нишони биринҷӣ 20 000 сомонӣ тақдим карда мешавад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Февраль 10, 2026 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Муҳаммаданис Солиҳов дар Мусобиқаи «Tashkent Grand Prix Cadets 2026» соҳиби медали тилло гардид
Алишер Назаров ва Умар Расулов шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллии шаҳри Ҳисорро соҳиб шуданд
ФУТБОЛ. Дастаҳои иштирокчии Ҷоми Осиё-2027 байни наврасони то 17-сола муайян гардиданд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври дуюм бо Хорватия бозӣ мекунад
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дастаи Кубаро мағлуб кард
Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард