ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар Хатлон дар 2495,7 гектар гармхонаи доимӣ ва мавсимӣ сабзавот кишт карда шуд
ДУШАНБЕ, 15.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ватанӣ соли 2025 дар вилояти Хатлон дар майдони умумии 2495,7 гектар гармхонаҳои доимӣ ва мавсимӣ сабзавот кишт карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Аз ҳисоби ин гармхонаҳо 75,2 ҳазор тонна сабзавот истеҳсол гардид, ки аз он 24,5 ҳазор тонна помидор, 21,0 ҳазор тонна бодиринг ва 29,5 ҳазор тонна дигар сабзавот мебошад. Ба иттилои масъулин, ин иқдом сатҳи дастрасии аҳолӣ ба маҳсулоти тоза ва хушсифати ватаниро баланд бардошта, дар таъмини амнияти озуқаворӣ нақши муҳим дорад.
Яке аз гармхонаҳои вилоят дар Ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон мебошад, ки аз ҷониби соҳибкор Маҳмадюсуф Олимов бо мақсади парвариши сабзавоти хушсифат, аз ҷумла бодиринг ва помидор дар 8 садяк бунёд гардидааст.
Бо бунёди гармхона 8 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин шуданд, ки ин дар рушди соҳибкории хурд ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ нақши муҳим дорад.
Бод иброз намуд, ки сол то сол таваҷҷуҳи кишоварзон барои дар гармхонаҳо парвариш намудани сабзавоти тару тоза ва полезиҳо меафзояд. Зеро кишту парвариши зироат дар шароити гармхона имкон медиҳад, ки давоми фаслҳои зимистону баҳор талаботи бозори дохилӣ бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ, аз ҷумла помидору бодиринг таъмин карда шавад.
Ҳамин аст, ки дар бозорҳои истеъмолии мамлакат дар ҳама мавсим маҳсулоти тару тоза ба таври фаровон ба мушоҳида мерасад. Инчунин васеъ гардидани майдони гармхонаҳо аҳамияти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳо вобаста ба таъмини амнияти озуқавории мамлакат пайваста таъкид менамоянд, ки бояд заминро самаранок истифода бурда, ҳосили бештар бардорем ва аз маводи озуқаворӣ танқисӣ накашем.
Ҳамзамон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба масъулин дастур медиҳанд, ки бо истифодаи самараноки имконият ҳаҷми истеҳсоли ватаниро афзоиш дода, барои рушди устувори соҳа, бахусус дар шароити гармхона тадбир андешанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст






