Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 27.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 27 феврал таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар оғози кори маҷлиси ҳукумати кишвар нахуст гузориши вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода оид ба Барномаи рушди таълиму тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 шунида шуд.
Таъкид шуд, ки барнома бо мақсади идома бахшидан ба раванди босуръати сохтмони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, фароҳам овардани муҳити мусоиди таълиму тарбияи кӯдакон, васеъ намудани дастрасии босифат ба ин зинаи таълиму тарбияи насли наврас ва такмили сатҳи тахассусии кадрҳои соҳа таҳия гардидааст.
Ҳамчунин, гуфта шуд, ки барномаи мазкур бо мақсади таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилӣ баҳри таъмини рушди устувори низоми таҳсилоти томактабӣ таҳия гардида, татбиқи он ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи кӯдакон равона карда шудааст.
То охири татбиқи барнома 800 муассисаи нави ин соҳа бунёд ёфта, фарогирии кӯдакони аз 3 то 6-сола бо таҳсилоти томактабӣ дар кишвар бояд ба зиёда аз 50% расонда шавад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки Барномаи рушди таълиму тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 ва нақшаи амалигардонии он тасдиқ ва оид ба амалигардонии он ҳар сол то 1 феврал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод карда шавад.
Таъкид гардид, ки муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ то деҳоти дурдаст дар ҳама ҷо бояд вуҷуд дошта бошанд.
Дар кори маҷлис оид ба Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 гузориши директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Мирзо Хуршед шунида шуд.
Таъкид гардид, ки барнома масири ояндаи рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро тавассути мушаххасу дақиқ муайян намудани самтҳои дахлдори афзалиятнок ва вазифаҳои миёнамуҳлати алоқаманд, муқаррар менамояд.
Зикр карда шуд, ки барои татбиқи барнома 2 миллиарду 366 миллиону 800 ҳазор сомонӣ зарур аст ва он аз ҳисоби буҷети давлатӣ, бахши хусусӣ ва шарикони рушд маблағгузорӣ карда мешавад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки вазорату идораҳои дахлдор амалигардонии барнома ва нақшаи татбиқи онро таъмин карда, аз натиҷаи он ҳар сол то 1 март ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
Дар кори маҷлис дигар масъалаҳои муҳим низ баррасӣ ва аз руи онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Дар фароварди маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои масъалаҳои муҳокимашуда ба Ҳукумати кишвар ва вазорату идораҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ҳамчунин, таваҷҷуҳи роҳбарони сохторҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба истифодаи самараноки заминҳои кишт, вусъати киштукори баҳорӣ, бахусус пахта, картошка ва ҷуворимаккаю лубиёгиҳо, афзоиши содироти меваю сабзавоти барвақтӣ, ниҳолшинонию гулпарварӣ, таъминоти барқ, гузариш ба низоми биллингии ҳисоби истифодаи барқ, ҷоннок намудани тадбирҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори таҷлили бошукӯҳи ҷашнҳои Наврӯзи байналмилалӣ ва 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҷалб карда шуд.









Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 33-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ
Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор гардид
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Ориповро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ермек Кошербаевро ба ҳузур пазируфтанд
Паёми табрикотии видеоӣ ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба муносибати оғози Соли нави чинӣ – Иди Баҳор
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ Тсзоу Ҷиайиро ба ҳузур пазируфтанд






