Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд

Февраль 14, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 14.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 13 феврал дар пойтахти Федератсияи Русия — шаҳри Москва  ҷаласаи панҷуми раисони кумитаҳои парлумонии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, мудофиа ва амният баргузор гардид.

Тавре аз Маҷлиси намояндагон ба АМИТ «Ховар»  хабар доданд, дар кори ҷаласа ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистонро раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Маҳмадшоҳ Гулзода ва раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Насрулло Маҳмудзода намояндагӣ намуданд.

Зимни ҷаласа масъалаҳои вобаста ба вазъи низомию сиёсии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, мудофиа ва амният мавриди баррасӣ қарор гирифт. Инчунин афзалиятҳои раёсати Федератсияи Русия дар доираи ин созмон барои соли 2026 муҳокима гардиданд.

Дар ҷаласа таваҷҷуҳи махсус ба тақвияти муколама бо созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои сеюм барои ҳифзи сулҳу субот, ҳамоҳангсозии мавқеъҳо оид ба амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин таъмини ҳифзи равандҳои интихоботӣ аз дахолати беруна зоҳир карда шуд.

Дар ҷараёни муҳокима аҳамияти истифодаи имкониятҳои дипломатияи парлумонӣ ҳамчун абзори муассири ҳифзи манфиатҳои муштарак дар арсаи байналмилалӣ ва муқовимат ба таҳдидҳои эҳтимолӣ ба суботи минтақавӣ таъкид гардид.

Пас аз анҷоми ҷаласа иштирокчиён бо Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров вохӯрӣ намуданд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 14, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид