Нархномаи хизматрасонии пулакии муассисаҳои таълимӣ барои солҳои 2025-2026 тағйир намеёбад

Февраль 7, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 07.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисорӣ 242 нархномаи хизматрасонии пулакии муассисаю ташкилоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ таҳлил шуда, ба мувофиқа расонида шуд. Аз ҷумла, 30 муассисаи тиббӣ, 102 муассисаи таҳсилоти олӣ, илмӣ ва миёнаи касбӣ, ба истиснои ихтисосҳое, ки нав ҷорӣ карда мешаванд ва 110 соҳаи дигар бетағйир мемонанд. Ин матлабро 6 феврал Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳайдаралӣ Раҷабзода зимни нишасти матбуотӣ баён намуд.

Ҳайдаралӣ Раҷабзода иброз дошт, ки 99 субъекти хоҷагидор аз рӯйи истеҳсол, коркард ва воридоти молу маҳсулот, аз ҷумла маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ ва аз рӯйи кору хизматрасонӣ ба Феҳристи субъектҳои хоҷагидори дар сатҳи ҷумҳуриявӣ дорои мавқеи ҳукмфармоӣ ворид карда шуданд.

Фаъолияти субъектҳои хоҷагидоре, ки дар бозори моли муайян мавқеи ҳукмфармоиро доро мебошанд, мутобиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат» таҳти назорат ва танзим қарор дода мешавад.

Соли 2025 бо мақсади пешгирӣ ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ, рақобати бевиҷдонона ва ба роҳ мондани рушди рақобати солим дар заминаи пешниҳоди субъектҳои хоҷагидор нархномаи хизматрасонии бархе аз ин субъектҳо, аз ҷумла маҳсулоти ширӣ, ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон ва хизматрасонии алоқаи мобилӣ аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисорӣ баррасӣ ва ба мувофиқа расонида шуд.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 7, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид