НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Амонатбонк» соли 2025 ба зиёда аз 60 ҳазор мизоҷ 2,5 миллиард сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод намуд

Февраль 10, 2026 11:00

ДУШАНБЕ, 10.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. «Амонатбонк» соли 2025 ба 60 ҳазор мизоҷ 2,5 миллиард сомони маблағҳои қарзӣ пешниҳод намуд.

Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» соли 2025 ба соҳаҳои саноат дар ҳаҷми 5,3 фоиз, кишоварзӣ- 10,9 фоиз, истеъмолӣ- қариб 50 фоиз, сохтмон- 4,7 фоиз, тиҷорат- 9,5 фоиз, қарзҳои байнибонкӣ- 17,3 фоиз ва дигар соҳаҳо 2,4 фоиз қарзҳо пешниҳод намуд. Дар ин хусус Раиси Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Алиҷон Салимзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Алиҷон Салимзода афзуд, ки қарзҳои додаи «Амонатбонк» зиёда аз 3,7 миллиард сомонӣ ва шумораи қарзгирон аз рӯи бақия зиёда аз 84 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 10, 2026 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Рушди инфрасохтори пардохтӣ дар вохӯрии минтақавии роҳбарияти бонкҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баррасӣ шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд