НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Cоли 2025 содироти маҳсулот аз Тоҷикистон беш аз 27 фоиз зиёд гардидааст

Февраль 9, 2026 16:20

ДУШАНБЕ, 09.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Cоли 2025 содироти маҳсулот аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 27,7 фоиз зиёд гардидааст. Дар ин хусус директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода 9 феврал дар ҷараёни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон маълумот дод.

Ба иттилои Ҷамшед Нурмаҳмадзода, соли 2025 содироти маҳсулот аз мамлакат 2 миллиарду 487,9 миллион долларро ташкил намуд, ки нисбат ба моҳҳои январ – декабри соли 2024 27,7 фоиз ё 540,5 миллион доллар зиёд аст.

Таъкид гардид, ки шарикони асосӣ оид ба содирот давлатҳои Чин бо 21,1 фоиз аз ҳаҷми умумии содирот, Нидерланд – 16,3 фоиз, Швейтсария – 13,3 фоиз, Узбекистон – 11,1 фоиз, Русия – 9,7 фоиз, Туркия – 8,6 фоиз, Эрон – 4,5 фоиз, Қазоқистон – 3,4 фоиз, Белгия – 3,3 фоиз ва дигар давлатҳо мебошанд.

Дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин таъкид гардид, ки дар амалиёти савдои хориҷӣ афзоиши бештари содирот нисбат ба воридот бо Белгия (70,4 миллион доллар), Туркия (17,3 миллион доллар) ва Хорватия (1,3 миллион доллар) мушоҳида шудааст.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 9, 2026 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст