НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ беш аз 850 мақомоту ташкилоти давлатӣ фаъоланд

Февраль 7, 2026 08:30

ДУШАНБЕ, 07.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо ҷалби барномасозони ватанӣ Низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ бо назардошти таҷрибаи кишварҳои минтақа таҳия карда шуда, дар он беш аз 850 мақомоту ташкилоти давлатӣ ва зерсохторҳояшон барои таъмини мубодилаи мукотибот бе истифодаи коғаз фаъол мебошанд. Дар ин хусус имрӯз директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони расонаҳои хабарӣ иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки дар ин раванд барои тасдиқи аслият ва амнияти мукотибот имзои электронии дар серверҳои дохилӣ сабтшуда дастраси зиёда аз 14 ҳазору 500 истифодабаранда гардид.

Таъкид гардид, ки марҳилаи дуюми татбиқи лоиҳа дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо оғоз гардида, ин раванд босуръат идома дорад.

Хуршед Мирзо афзуд, ки раванди рақамикунонии соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мутобиқ ба ҳадафу афзалияти муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи тадбирҳои ислоҳотӣ ва бо мақсади таъмини шаффофият, баланд бардоштани самаранокӣ ва беҳбуди сифати хизматрасонии давлатӣ амалӣ мегардад.

Бояд тазаккур дод, ки Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ буда, идоракунӣ, татбиқи «Ҳукумати электронӣ», рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, ҷорикунӣ ва рушди гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ, истифодаи имзои электронӣ, рушди савдои электронӣ, танзими зеҳни сунъӣ, инчунин такмили равандҳои технологӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба самти фаъолиятро таъмин менамояд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 7, 2026 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд