НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
ДУШАНБЕ, 04.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баргузории 38 намоишгоҳи дохилию хориҷӣ ва таъмини иштироки аъзо ва соҳибкорони ватанӣ дар ин намоишгоҳҳо мусоидат намуд. Ҳамчунин палата иштироки истеҳсолкунандагони ватаниро дар 25 намоишгоҳи байналмилалӣ, ки дар хориҷи мамлакат баргузор гардиданд, таъмин намуд. Дар ин хусус Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Фарҳодшо Раҳмонализода 4 феврал ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ба иттилои манбаъ, бо мақсади шиносоӣ бо навгониҳои технологияҳои муосири истеҳсолӣ ва пайдо намудани шарикони тиҷоратӣ дар кишварҳои хориҷӣ соли 2025 бо мусоидати Палата беш аз 2402 соҳибкор бо намоишгоҳҳои байналмилалие, ки дар хориҷи мамлакат доир шуданд, шинос гардиданд. Ҳамчунин онҳо дар бизнес-форумҳо, бизнес-миссияҳо, вохӯриҳои B2B ва дигар чорабиниҳои тиҷоратӣ ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд. Иштироки соҳибкорон дар чунин намоишгоҳҳои байналмилалӣ барои рушди соҳибкории мамлакат таҷрибаи судманд ба ҳисоб меравад.
«Ташкил ва гузаронидани намоишгоҳҳои молу маҳсулоти ширкатҳои истеҳсолкунандаи ватанӣ дар дохил ва хориҷи мамлакат муҳимтарин самти фаъолияти палата ба ҳисоб рафта, ба муаррифии молу маҳсулоти ватанӣ, ба роҳ мондани алоқаҳои нави корӣ бо шарикон, ворид намудани дастовардҳои пешқадами илму техника ва таҷҳизоти навтарини замонавӣ, таъсис додани корхонаҳои нави муштарак ва ҷойи нави кор мусоидат менамояд», – иброз дошт Фарҳодшо Раҳмонализода.
Иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 аз ҷониби Палатаи савдо ва саноат ва палатаҳои минтақавӣ бо мақсади густариш додани ҳамкорӣ бо давлатҳои хориҷӣ ва танзими ҳуқуқии ҳамкории байнипалатавӣ бо палатаҳои савдо ва саноати кишварҳои хориҷӣ ва ширкату ташкилоти байналмилалӣ 41 санади ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд, ки нисбат ба соли 2024 12 адад зиёд мебошад.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 шумораи аъзои палата ба 1203 субъекти соҳибкорӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2024 89 адад зиёд мебошад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






