НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ду санади таърихӣ ба имзо расид

Февраль 6, 2026 13:20

ДУШАНБЕ, 06.02.2026. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 барои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли муҳим ва таърихӣ арзёбӣ мегардад. Дар ин давра ду санади муҳим — Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се давлат ва «Эъломияи Хуҷанд дар бораи дӯстии абадӣ» ба имзо расиданд. Дар ин хусус 6 феврал Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон иброз дошт, ки соли 2025 таҳкими ҳамкории дуҷониба бо Ҷумҳурии Қирғизистон, бахусус табодули сафарҳои давлатии сарони давлатҳо аз рӯйдодҳои муҳим дар муносибатҳои байнидавлатӣ ба шумор меравад.

Иттилоъ дода шуд, ки моҳи марти соли 2025 сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардида, аз натиҷаи он 16 санади дуҷониба, аз ҷумла Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ба имзо расид.

Ҳамчунин моҳи июли соли 2025 сафари ҷавобии давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт. Дар натиҷаи ин сафар 13 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла Изҳороти муштарак байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба имзо расида, Шурои байниҳукуматӣ зери роҳбарии сарвазирони ду давлат таъсис дода шуд.

Таъкид шуд, ки фаъолияти Вазорати корҳои хориҷӣ барои мусоидат ба ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва таҳкими ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ дар ин самт ба таври пайгирона идома дорад.

Дар ҷараёни нишаст инчунин иттилоъ дода шуд, ки дар самти муаррифии арзишҳои таърихӣ, миллӣ ва фарҳангии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия, Чин ва Покистон баргузор гардида, ҳамзамон Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон ва Муғулистон дар Тоҷикистон доир карда шуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 6, 2026 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд