Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Канда ба Тоҷикистон меояд

Февраль 25, 2026 10:17

ДУШАНБЕ, 25.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Канда 3 марти соли 2026 бо сафари корӣ, ки то 5 март идома меёбад, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тибқи нақша Президенти Бонки Осиёии Рушд дар доираи сафар ба кишвари мо дар мулоқоту вохӯриҳо бо ҷониби Тоҷикистон , масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкории Бонки Осиёии Рушдро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун баррасӣ менамояд.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон ҳамкориро бо Бонки Осиёии Рушд аз соли 1998 ба роҳ мондааст. Ин ниҳоди бонуфузи молиявӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳои муҳими иқтисодию иҷтимоӣ яке аз шарикони сратегии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Дар муддати 28 соли ҳамкорӣ Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон зиёда аз 200 лоиҳаро бо маблағи умумии беш аз 2,7 миллиард доллар, аз ҷумла дар соҳаҳои калидии иқтисоди Тоҷикистон –энергетика, инфрасохтори нақлиёт, тандурустӣ, маориф ва беҳтар кардани амнияти озуқаворӣ ва дигар соҳаҳо маблағгузорӣ ва татбиқ намудааст.

Бонки Осиёии Рушд дар айни замон дар Тоҷикистон бархе аз лоиҳаҳоро дар самти рушди иқтисоди “сабз”, рақамикунонӣ ва дастгирии бахши хусусӣ татбиқ менамояд.

Интизор меравад, ки Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Канда дар Тоҷикистон бо Маркази рушди малакаҳои касбӣ дар шаҳри Душанбе шинос карда шавад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 25, 2026 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2093 сомонӣ муқаррар шудааст
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.0500 то 10.3287 сомонӣ муқаррар шудааст
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд