Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Ориповро ба ҳузур пазируфтанд

Февраль 17, 2026 18:27

ДУШАНБЕ, 17.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 17 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Ориповро, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар рафти суҳбат вазъи кунунӣ ва дурнамои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Узбекистон муҳокима гардид. Роҳҳои рушд ва густариши минбаъдаи он баррасӣ шуд.

Тамоюли мусбати афзоиши тиҷорати дуҷониба ва сармоягузорӣ бо қаноатмандӣ зикр гардид. Дар ин замина, Пешвои миллат ба имкониятҳои зиёд барои пешрафти минбаъдаи ин раванд дар соҳаҳои гуногуни саноат, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва дигар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак ишора карданд. Ҷонибҳо инчунин ба густариши минбаъдаи мубодилаи фарҳангӣ ва башардӯстона таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Роҳбари давлат кори муассири Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодиро, ки ҷаласаи охирини он имрӯз дар Душанбе баргузор шуд, таъкид карданд.

Ҷонибҳо аҳамияти идомаи муколамаи созанда ва боэътимоди байнидавлатиро дар тамоми самтҳои рӯзномаи дуҷониба зикр карданд. Дар ин замина, таваҷҷуҳи хос ба таъмини омодагии босифат ба мулоқотҳо ва музокироти сатҳи олии дарпешистода равона гардид. Доир ба ҷадвали ташкил ва гузарондани чунин чорабиниҳои байнидавлатӣ дар соли равон мубодилаи афкор сурат гирифт.

Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов 17.02.2026

Февраль 17, 2026 18:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон